ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

30

Ҳукумати электронӣ як ҷузъи ҷомеаи иттилоотӣ мебошад, ки ҳоло дар арафаи шаклгирии умумиҷаҳонӣ қарор дорад. Дар шароите, ки интернет ба воситаи муҳими алтернативии пахши иттилоъ зуҳур намудааст, ин масъала аз ҳар ҷиҳат аҳамиятнок менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштан ба ҳукумати электронӣ соли 2003 замина гузошта шуда, барои омӯзонидани хизматчиёни давлатӣ дар ин самт тасмими ҷиддӣ гирифта шудааст. Айни ҳол шабакаи ягонаи давлатии байни мақомоти идоракунӣ таъсис ёфта, ба он 48 мақомот пайваст гардидаанд.

 

Мисоли равшани он Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»», ки соли 2003 ба тасвиб расида буд, инчунин таҳияи «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад.

 

Имрӯз барои ташаккули низоми мукаммали ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси технологияҳои иттилоотии муосир боэътимод ва бехатар марҳила ба марҳила гузаштан ба шаклҳои электронии мубодилаи маълумотҳо, рушди соҳаи хизматрасониҳои иттилоотӣ ҳалли масъалаҳои ҳамкориҳои ҳамкории низомҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ, татбиқи лоиҳаҳо оид ба таъсиси марказҳо, оид ба пешкаш намудани хизматрасониҳои давлатӣ аз рӯи усули “равзанаи ягона” дар тамоми минтақаҳои кишвар бо роҳи баланд бардоштани ихтисоси кормандон, истифодаи имзои рақамии электронӣ, васеъ намудани хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ барои аҳолӣ хеле муҳим мебошад.

 

Дар айни замон Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози техникӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли соли 2011) низ ҳамчун ниҳодҳои вобасташуда раванди гузариш ба ҳукумати электрониро дар кишвар назорат мекунанд.

 

Рӯ овардан ба низоми муосири коргузорӣ, яъне гузариш ба ҳукумати электронӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ яке аз шартҳои асосии ташкили давлати муосир мебошад. Ҳукумати электронӣ низоми электронишудаи хизматрасониҳои давлатиест, ки бо мақсади таъмини шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, сарфаи буҷаи давлатӣ ва мустаҳкам намудани алоқаи байни шаҳрвандон ва давлат ба роҳ монда шуда, монеаҳои молиявӣ, физикӣ, вақтию маконии ҳам сохторҳои давлатӣ ва ҳам шахсони воқеиро нисбатан кам мекунад.

 

Ҳукумати электронӣ барномаи кӯтоҳ ва маҳдуд набуда, балки раванди дарозмуддати такомули тағйири идоракунии давлатӣ, ҷиҳати марказонидани хадамоти давлатӣ ба шаҳрвандон мебошад. Он дар маънии пуррааш хизматрасонии зуд, беҳтар, арзон ва дастрас ба ниёзмандон аст. Раванди татбиқи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омили ҳам субъективӣ ва ҳам объективӣ рабти қавӣ дорад. Зиёдшавии аҳолӣ ва афзоиши минбаъдаи он (мувофиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013) шумораи аҳолӣ дар соли 2030 қариб ба 13 миллион мерасад) хизматчии давлатиро дар иҷрои ниёзҳои мардум дасткӯтоҳ менамояд ва ҳам имкониятҳои ташрифи шаҳрвандро ба мақомоти гуногуни давлатӣ баҳри иҷрои талабу ниёзҳо ва арзу шикоятҳо бамаром маҳдуд хоҳад намуд. Дар сурати боқӣ мондани усули анъанавии хизматрасониҳои давлатӣ мушкилиҳо дучанд хоҳанд шуд.

 

Ҳадафи таъсис додани ҳукумати электронӣ низ ба таври бештар таъсир расонидани хадамоти давлатӣ ба шаҳрвандон мебошад. Ҳар қадар хадамот дар Интернет дастрас бошад ва ҳар қадар истифодаи он васеътар бошад, таъсири ҳукумати электронӣ ҳамон қадар бештар хоҳад шуд. Ҳамин тавр, ҳукумати электронӣ барои ба даст овардани таъсири устувор, берун аз доираи муассири дохилӣ ва шаффофияти идоракунии давлат, анбӯҳи зиёди «шаҳрвандони электронӣ» (e-citizens) ва «муассисаҳои электронӣ»-ро (e-business) талаб мекунад.

Ба ҳамин тариқ, зимни татбиқи консепсияи ҳукумати электронӣ на танҳо самаранокии беш ва харҷи ками маъмурӣ кам мегардад, балки дар муносибатҳои байниҳамдигарии ҷомеа ва ҳокимият тағйироти сифатӣ ба вуҷуд хоҳад омад.

 

Самаранокии ҳукумати электронӣ танҳо бо технология ва таркиботи шабакавии он маҳдуд нагардида, мавҷудияти мутахассисони соҳа ҷузъи тала-боти меҳварии он маҳсуб меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани мутахассисон дар бахши татбиқи ҳукумати электронӣ ду навъи иқдомро метавонад истифода намояд: ба давлатҳои дар ин роҳ муваффақ фиристодан ва тайёр намудани мутахассисон; бо мақсади омода намудани кадрҳои ватанӣ ҷалб кардани мутахассисони берунӣ ба кишвар. Бояд зикр намуд, ки шурӯъ аз соли 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Эстония ва Кореяи Ҷанубӣ муносибатҳои дуҷонибаро барқарор намуд, ки дар татбиқи ҳадафҳои консептуалӣ ва барномавии гузариш ба ҳукумати электронӣ қадами ҷиддӣ ба шумор мераванд.

 

Омилҳое, ки ба дараҷа ва сифати рушди ҳукумати электронӣ дар кишвар таъсир мерасонанд, ин аз ҷониби ниҳодҳои алоҳида зарурати амалинамоии онро дар низоми фаъолияти идоравии худ дар ҳама охир гузоштан, гаронарзиш ва аз ҷиҳати суръатнокӣ заиф будани Интернет, набудани мутахассисони варзидаи соҳа ва ғайра мебошанд. Ин ҳолат сабаб шудааст, ки талаботи усулии гузариш ба ҳукумати электронӣ, яъне ташкили сомонаҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пурра иҷро нагаштаанд.

 

Ҳамин тавр, гузариш ба ҳукумати электронӣ бояд ҳамчун яке аз аслҳои давлати иҷтимоӣ ва воситаи муносиби таъмини қонунмандии асосҳои давлати муосир қадр карда шаванд. Зеро татбиқи ҳукумати электронӣ монеаҳои муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандонро сифатан ва миқдоран кам намуда, сатҳи пешрафт ва дараҷаи тараққиётро дар ҳар як давлат баланд мебардорад.

 

Малика САЛИХОВА,

магистранти Академия

 

Похожие записи