ҲХДТ – ҲИЗБЕ, КИ АЗ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ МАНШАЪ ГИРИФТААСТ

IMG_3628

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСӢ, ПРОФЕССОР ҒАФУРЗОДА АБДУХАЛИЛ ДАВЛАТАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 26-СОЛАГИИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

 

Муҳтарам аъзоён ва ҳамсафон!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳизбе дар даврони истиқлоли кишвар бо мақсади хизмати содиқона ба халқу Ватан ва ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстию худшиносӣ дар дили ҳар шаҳрванди кишвар маҳбубият пайдо намуд, аз таъсисаш бисту шаш сол сипарӣ гардид. Ба ин хотир кулли аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбро ба рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, барояшон рӯзгори хушу босаодат ва дар кору фаъолияташон комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

 

Бешубҳа, тамоми халқи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон тӯли фаъолияти  ҲХДТ ба пуррагӣ дарк намуданд, ки маҳаки фаъолияти ин ҳизбро созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва нигоҳ доштани ваҳдати сартосарӣ ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, фаъолияти ҲХДТ собит намуд, ки он чун ҳизби ғамхори мардум дар амалӣ шудани орзуву ормони ҳар фарди Ватан саҳмгузор мебошад.

 

Вақте ба фаъолияти созандаи ҲХДТ назар меандозем, маълумамон мегардад,  ки  зарурияти  таъсиси он маҳз ҳифзи якпорчагии Ватан, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ амалӣ сохтани ормонҳои миллии  ҳар  фарди  тоҷикистонӣ маҳсуб меёбад.

 

ҲХДТ дар замоне таъсис ёфт, ки гурӯҳҳои фурсатталаби ҷудоихоҳ ҳар кадоме барои худ  ҳизбу  ҳаракатҳои  хусусияти қавмиву маҳалгароидошта созмон дода буданд. Дар ин росто аксари онҳо бо маблағгузорӣ ва дар асоси фармоишу роҳнамоии нафарони ба қавму миллати мо душман ва ҳатто хоҷагони аҷнабиашон фаъолияти тахрибкоронаву тафриқаандозонаи худро ба роҳ монда буданд. Чуноне маълум шуд, фаъолияти густурдаи он ҳизбҳои ҷудоихоҳона, ки ҳадафи ягонаи роҳбару аъзоёнашон танҳо мансабталабӣ буд, ба пояҳои бақои Ваҳдати миллӣ ва ба устувории якпорчагии кишвар хатари амиқ эҷод намуд. Ин раванд боиси он гардид, ки дар кишвари азизамон ҷанги бераҳмонаи таҳмилии шаҳрвандӣ ба вуқуъ омад. Натиҷаи талхи он боис гардид, ки ҳазорҳо фарзандони миллат бо дасти ҳамдигар кушта шуданду мамлакатро буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифт. Бо назардошти рафъи ҳамаи мушкилиҳо ва ором намудани кишвару барҳам додани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои наҷиби хусусияти умумимиллидошта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо замина гузоштани сиёсати инсонпарварона ва сулҳхона ҳизберо таъсис доданд, ки минбаъд ба зиндагию фаъолияти ҳар фарди кишвар ва рушду суботи Ватани азизамон – Тоҷикистон таъсири амиқу нишонрас гузошт.

 

Аввалин коре, ки ҲХДТ дар барномаи ҳизбии худ ҷой намуду онро амалан татбиқ кард, ин ба ҳам овардани мардум ва мафкурасозии миллӣ буд. Саҳми  арзандаи  ҲХДТ  дар он маҳсуб меёбад, ки бо нақшаву барномаҳои созанда тавонист, миллатро дар атрофи тафаккури созанда ва андешаи бунёдкорона ҷамъ намояд. Ҳамин буд, ки минбаъд ҳам, тӯли солҳои фаъолият ҲХДТ бо дарки воқеаҳои гузашта ва таҷрибаи солҳои нооромӣ дар кишвар, барои пешгирӣ аз  оқибатҳои  нохуши  раванди ҷаҳонишавӣ дар марҳалаи кунунӣ дар ҳифзи анъанаву суннатҳои миллии таърихан ташаккулёфтаи халқамон саҳми беназир гузорад.

 

Чуноне аз раванди фаъолияти ҲХДТ маълум гардид, он ба раванди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии мардуми тоҷик ворид гашта, дар ба даст овардани комёбиву муваффақиятҳои Ватани маҳбубамон нақши мондагор гузошт. ҲХДТ бо истифода аз нуфузи сиёсии худ дар беҳрӯзии аҳолии кишвар таъсири амиқ гузошта, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум марҳила ба марҳила тамоми мушкилиҳоро ҳал ва беҳтарин шароитҳоро муҳайё намуд.

 

Фаъолияти шоёни ҲХДТ нишон медиҳад, он дар тамоми самтҳои давлатдорӣ бо барномаву нақшаҳои мукаммал тавонистааст, ки дар рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ дар заминаи демократия ва ҳифзи адолат дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардуми кишвар саҳмгузор бошад.

 

Пӯшида нест, ки халқи тоҷик маҳз ба хотири он аз барномаҳои ҲХДТ пуштибонӣ менамояд, ки он дар заминаи ормонҳои халқ ба миён омадааст. Фаъолияти пурсамари ҲХДТ низ нишон медиҳад, ки тӯли мавҷудияти хеш бо роҳи ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон ба ҳаёти сиёсӣ ва ба таври дастҷамъона бартараф  намудани  мушкилоти мавҷуда, дар байни мардуми кишвар маҳбубияти хосро соҳиб гаштааст.

 

ҲХДТ аз халқ аст ва тамоми нақшаҳои худро дар доираи манфиату ғояҳои шаҳрвандони кишвар барномарезӣ менамояд ва дар доираи хостаҳои онҳо онро амалӣ месозад.

 

Бояд қайд намуда, ки ҲХДТ ҳизбест, ки маҳсули тафаккуру эҷоди халқи фарҳангофар ва созандаи миллати тоҷик аст. Нақшаҳо  ва  нуқтаи  меҳварии фаъолияти ҲХДТ-ро ҳадафҳои миллӣ ташкил медиҳанд. “Ҳизби халқӣ” унвон гирифтани ҲХДТ рамзист, чун он ҳамеша халқӣ буду ҳаст ва он ҳамеша бо мардум асту мардум бо он.

 

Бори дигар ҳамаи аъзоён ва ҷонибдорони ҳизби мардумиро  ба ифтихори 26 -умин солгарди таъсисёбиаш самимона шодбош гуфта, дар амалӣ шудани ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаашон азму иродаи қавӣ ва неруи хастанопазирро таманно менамоям.