ҶАВОНОН ВА ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

books-library1

Аз замонҳои пеш омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва забондонӣ аҳамияти хосаро касб намуда буд. Забондониро яке аз роҳҳои пешрафти ҷамъият медонистанд. Ҳамин аст, ки дар асрҳои гузашта донишмандони мо дар баробари хуб донистани забони хеш забонҳои халқҳои дигарро низ меомӯхтанд. Аксари бузургони миллати мо чандин забон ва хатти миллатҳои дигарро аз худ карда, бо он забонҳо асарҳои оламшумулу соҳибнуфузи илмӣ, адабӣ ва бадеӣ эҷод кардаанд. Ин раванд то ҳол аҳамияти худро аз даст надода, балки муҳимияти забономӯзиву забондонӣ рӯз аз рӯз вусъат ёфта истодааст.

 

Имрӯз ҷавонон созандагони имрӯзу ояндаи миллат бояд аз дурнамои рушди давлатдории худ ба хубӣ огоҳ бошанд ва бояд донанд, ки яке аз шартҳои он аз худ кардани забонҳои хориҷӣ мебошад. Донистани забонҳои хориҷӣ роҳи моро барои расидан ба комёбиву муваффақиятҳо кушода месозад. Забондонӣ шарти асосии ҷаҳондонӣ ва ҷаҳонишавии шахс аст. Зарурати дигари омӯзиши забонҳои хориҷӣ муаррифӣ кардани кишвар дар арсаи байналмилалист. Фарҳангу адабиёт, таъриху санъат, расму оин ва анъанаҳои миллии мо то ҳанӯз дурдонаҳои маънавии дастнорас ва ё камёб барои ҷаҳониён маҳсуб меёбанд, ки ҷавонон барои ҳарчи бештар муаррифӣ намудани он масъулияти баланд бар дӯш доранд. Ҷавонон танҳо дар сурате ба таври комилу шоиста давлати худро муаррифӣ карда метавонанд, ки донандаи хуби забонҳои хориҷӣ бошанд. Илова бар ин, донистани забонҳои хориҷӣ доираи кору фаъолияти ҷавононро ҷаҳонӣ намуда, ба онҳо имконият медиҳад, ки дар тамоми давлатҳо ва созмону ташкилотҳои дунё кору фаъолият намоянд.

Кишвари мо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, сиёсати «дарҳои кушод»-ро ба роҳ мондааст. Бо дарназардошти баробармаърифатӣ метавонад бо дигар давлатҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монад. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои зиёда аз 51 созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Дар ин баробар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Ягона воситае, ки давлатро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояду фарҳанг, забон, маданият ва расму русуми тоҷикро ҳифз мекунад, ин донистани забонҳои хориҷӣ мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳаминро ба инобат гирифта таъкид намуда буданд, ки «Дар айни замон ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар миёни кишварҳои пешрафтаи дунё хеле мушкил аст».

Воқеан ҳам, дар самти татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҳанӯз соли 2003 аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба тасвиб расида буд, камбудиҳо мушоҳида мешаванд. Ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сарвари давлат моро водор месозад, ки ба ин масъала бештар эътибор диҳем.

Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки се солро ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ихтисос додааст, забондонӣ боз ҳам ба масъалаи муҳимтар табдил меёбад. Зеро барои дурусту саривақт муаррифӣ кардани имконияту зарфиятҳои сайёҳии кишвар забонҳои хориҷӣ нақши калидӣ мебозанд. Коршиносони соҳа набудани рекламаро, ки тавонад имкониятҳои сайёҳии малакат, хусусан бахши сайёҳии таърихию фарҳангиро бозгӯ намояд, аз мушкилоти аввалиндараҷа арзёбӣ мекунанд.

Бинобар ин дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷавонон бояд ҳарчи бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки то забондонию забономӯзии худро сайқал дода, дар муаррифии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.

                                          Сафарова Рухшона,

 ассистенти кафедраи

забонҳои хориҷӣ

Аксҳо