ҶАВОНОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛ

ҷавоно

Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем. Эмомалӣ Раҳмон

 

Таърихи 30 соли Истиқлоли давлатӣ собит месозад, ки дар бунёди давлати демократию пешрафтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҷавонон бағоят бузург аст. Такя ба неруи ҷавонон яке аз иқдомҳои накӯ ва дурандешонаи сиёсати давлату Ҳукумат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ аз дастовардҳои муҳимми ҷавонони кишвар ин эълон намуди сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷои кор гардидани онҳо ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Баъд аз Истиқлоли давлатӣ ҷавонон чун як неруи пуриқтидор, созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф гардиданд.

 

Аз ҳамин нуқтаи назар Истиқлоли Ватан мояи ифтихору саодати мо, ҷавонон буда, сароғози эҳёи тозаи кишвар аст. Маҳз Истиқлоли Меҳан дар замири ҳар як ҷавон эҳтиром ба фарҳанг ва хоки поки аҷдодиро, ки амонат дар дасти мо ворисони гузаштагон аст, зиёд намуд.

 

Мо, ҷавонон бояд хуб дарк кунем, ки истиқлол ҳамчун рукни бунёдии озодӣ, ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замон ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳуввияти миллии мо боқӣ хоҳад монд. Яъне истиқлол шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду созибэҳтиром аст.

 

Дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Ин нуқта гувоҳи он аст, ки роҳи ягонаи ҳифзи шарафу номус ва дар маҷмӯъ сиришту ҳастии мо бояд ҳифзу гиромидошти Истиқлоли давлатӣ бошад.

 

Бояд донист, ки истиқлол ин бародарию баробарии кулли ҷомеа, сари баланд ва хонаи ободи ҳар як миллати соҳибдавлат ва ватандор мебошад.

 

Мо, ҷавононро, ки қишри муҳимми ҷомеа шинохтаанд, мебояд, ки аз файзи истиқлол бештар баҳра гирифта, ба қадри ин ҳама неъмат, ба мисли озодӣ ва соҳибистиқлоли бирасем

 

Мо, ҷавонони бо нангу ори кишвари азизамон ваъда медиҳем, ки ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа бештар фаъол мешавем, ташаббусҳои созандаро рӯи даст мегирем, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолро ҳифз мекунем. Дар ҳаети сиёсиву иҷтимоии Ватани азизамон ба дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат меварзем. Амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ медорем. Парчамбардори сарзамини пурфайзи хеш гардида, ба марзу бум ва кишвари азизамон ҳамеша содиқ мемонем

 

Бузургмеҳр БОБОЗОДА,

магистранти бахши аввали

Академияи хоҷагии халқ ва

хизмати давлатии назди

Президенти Федератсияи Россия

Похожие записи