ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ОМӮЗИШИИ «ЗАН-САРВАР»

IMG_7252

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Акедимия ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси “Зан – сарвар” ҷамъбаст гардид.

 

Дар курси мазкур 56 нафар занону бонувони хизматчии давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои он, ки дар бахшҳои гуногун кору фаъолият менамоянд, ҷалб гардидаанд. Пас аз 48 соати машғулиятҳо, ки аз ҷониби олимон, коршиносону мутахассисони варзидаи Академияи идоракунии давлатӣ гузаронида шуд, шунавандагон аз рӯи барномаи азхуднамуда санҷишҳои тестӣ ва хаттӣ супорида, соҳиби гувоҳнома гардиданд.

 

Ёдовар мешавем, ки курси “Зан – сарвар” дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли 2017 тасдиқ шудааст, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мудирони шуъба (бахшҳо), сармутахассисон, мутахассисони пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, давоми як ҳафта аз 14 то 19 декабри соли 2020 ташкилу баргузор гардид.

 

Масъулин ҳадаф аз баргузории курси мазкурро амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фаъолгардонии онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад.

 

 

Аксҳо