ҶАШНҲО – ШАҲОМАТИ ТАМАДДУНҲО

Маҳмадов И

Дар ҳаёти таърихии беш аз 5500-солаи халқи тоҷик дар баробари ҳаёти кишоварзӣ, боғдорӣ ва маданияти меъмориву шаҳрсозӣ, ки шаҳрҳо марказҳои тамаддунӣ ба ҳисоб мерафтанд, илм, фарҳанг ва маънавиёти халқи тоҷик бомаром рушд ёфта, дар тамаддуни башарӣ бо фарзонафарзандони миллат нақши муассир гузоштаанд. Тибқи манбаъҳои таърихӣ аз давраҳои дури таърих то ба имрӯз шоҳоне, ки ба тахт нишастаанд, аз замони валодати давлатдориашон фарҳангеро ба мерос гузошта, саҳифаҳои таърихии тамаддуни тоҷиконро дар арҷгузории фарҳанги давлатдории миллӣ ғанӣ гардонидаанд.  

 

Маҳз дар рушди таърихии маънавиёти миллӣ дар баробари дигар урфу одатҳо ҷашнҳои суннатӣ низ нақши муассир дошта, дар рӯзгор, фалсафаи ҳаёт, афкору ҷаҳонбинӣ, ҷаҳоншиносӣ ва хислатҳои равонии мардумони форс, ба хусус тоҷиконро таҷассум карда, ҳар яке дар мавсимҳои дигаргуншавии табиат, ки бо зиндагии созандаи кишоварзон иртибот доранд, бо хусусиятҳои аз ҳама фарқкунандаи табиӣ бо суруру нишот ва шодмонӣ ҷашн гирифта мешуданд.

 

Дар аҳди бостон тибқи солшумории ниёкони мо, ки дар таърих бо номи «Солшумории зардуштӣ» шинохта шудааст, сол аз 12 моҳ ва ҳар моҳ аз 30 рӯз иборат буд, ки ҷамъи рӯзҳои сол 360 рӯзро ташкил медод. Чун сол аз 365 рӯзу 6 соат иборат аст, 5 рӯзу 6 соат боқӣ мемонад, ки онро рӯзҳои «кабиса», «андаргоҳ», «гоҳ», «баҳизак», «ваҳичак», «панҷи беҳ», «панча» ва «панчава» меномиданд. Ҳар як аз ин панҷ рӯзи кабиса ҷашни муҳими охири сол буданд. Номҳои солшумории зардуштӣ, ки шамсӣ мебошанд ва ҳар яке аз онҳо ба номи Худо ва ё яке аз фариштагон номгузорӣ мешуданд.

 

Ҳар як 30 рӯзи ҳар моҳ низ номи вижае дорад, ки чаҳор рӯзи он ба номи Худо ва шаш рӯзаш ба номи амшоспандон ва бист рӯзи дигараш ба номи эзадон аст, ки ҳар яке аз онҳо нигаҳбони яке аз он рӯзҳо мебошад. Дар сурати мувофиқи якдигар афтодани номи рӯз ва номи моҳ (фарвардинрӯз аз фарвардинмоҳ, баҳманрӯз аз баҳманмоҳ) онро фархунда дониста, ҷашн мегирифтанд.

 

Дар гузашта силсилаҷашнҳое бо номи шаш гоҳанбор, яъне офариниши олам аз ҷониби Худованд дар гоҳ ё шаш маврид (китоби «Бундаҳишн») мавҷуд буд. Дар «Авесто» низ ба тартиби офарида шуданашон осмон, об, замин, гиёҳон, ҷонварон ва инсон васф шудаанд. Ҳам дар «Таврот» ва ҳам дар «Қуръон» омада, ки Худо оламро дар шаш рӯз офаридааст.

 

Ба ин тариқ, ниёкони мо дар тӯли сол ҷашну шодиҳои зиёде доштанд, ки Фарвардингон (Наврӯз), Урдубиҳиштгон, Тиргон, Амурдодгон, Шаҳриваргон, Меҳргон, Обонгон, Озаргон, Дайгон, Баҳмангон, Испандорҷашн аз ин қабиланд.

 

Дар гузашти таърих, фарҳанги ҷашнҳо тибқи солшуморӣ оғози сол, ки маншаъ аз Наврӯз буд, дар тамаддуни муосири ҷашнофарии тоҷикон низ сароғози сол ва фалсафаи рӯзгори тамоми тоҷикон дар ҳавзаи фарогири Наврӯз ва тамаддуни башар аст. Дар ҳаёти фарҳанги муосири тоҷикон се ҷашн нақши муассир гузошта истодааст: Наврӯз – рӯзи нав, фарорасии соли нав, бедории табиат ва айёми кишту кор, ки ба 21-22-юми моҳи март, Меҳргон – мавсими ҷамъоварии ҳосил, мутобиқ ба рӯзҳои 16-21 меҳрмоҳ, 23 юми сентябр – 22-юми октябр, Сада – мавсими омодагӣ ба кишту кор, ки дар рӯзҳои даҳуми баҳманмоҳ, мутобиқ ба 30-31-уми январ рост меояд.

 

Қабл аз оне, ки ниёкони мо тибқи солшуморӣ ба арафаи кишту кор омодагӣ медиданд, бо шодиву сурур аз ин пешомад ҷашн мегирифтанд. То ба фарорасии амиқи кишту кор ҷашне, ки аз ин айём хабар медиҳад, ҷашни Сада, рӯзи даҳуми баҳманмоҳ 30-31-уми январ тибқи солшумории милодӣ аст. Сада ном гирифтани ин ҷашн тибқи пажӯҳандагон аз вожаи «сад» пайдо шудааст. Тибқи иттилои гоҳшуморҳо ҷашни Сада ба муносибати аз хонаи зимистонӣ убур кардани хуршед ва ба баҳор майл кардани он баргузор мегардад, ки то Наврӯз боқӣ мондани сад шабонарӯз: панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шабро ифода карда, бо нияти ақиб задани неруҳои сармою торикӣ ва барои аз нав неруманд гардидан ба  хуршед мадад мекунанд.

 

Перомуни маросими баргузории ин ҷашни бузург ва зебо дар тӯли таърих донишмандону муаррихони зиёд изҳори ақида намуда, ин идро «ҷашни оташ» ном бурдаанд ва онро ба Ҳушанг – подшоҳи силсилаи Пешдодӣ нисбат медиҳанд. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар китоби маъруфи «Шоҳнома» онро ба тарзи хосе баён кардааст.

 

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

 

Ҷашни Сада баъд аз густариши ислом тибқи манбаъҳои таърихӣ дар Эронзамин ва то аҳди Муғул бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мешудааст. Имрӯз низ Сада дар радифи Наврӯз ва Меҳргон яке аз ҷашнҳои бузург ва дӯст доштании ақвоми ориёиҳо, бавижа тоҷикон маҳсуб ёфта, пайки Наврӯзро таҷассум мекунад.

Дар фарҳанги муосири мо миёни Сада ва Наврӯз ҷашни дигаре ҷой дорад, ки метавон ба зеҳни хонандаи закӣ ҷой гирад, мероси фарҳанги ниёгони тоҷикон аст. Гузаштагони мо аз рӯи таълимоти ду тамаддуни динӣ ва ҷамъиятӣ ба модар арҷ мегузоштанд ва онро чун яке аз муқаддасот парасторӣ мекарданд, ки ҳанӯз ҳам ин анъана ҷой дорад. Дар ниёгони мо, тоҷикон, тибқи солшумории ориёӣ «Исфанд» номи охирин моҳи соли шамсӣ ва номи панҷумин рӯзи ҳар моҳ буда, дар китоби «Авесто» ба сурати Спента ормаитӣ, ки маънои фурӯтанӣ ва фидокориро дорад, бо хусусиятҳои суннатиаш то имрӯз боқӣ мондааст. Дар аҳди бостон Испандорҷашн буд, ки пас аз иди Сада ва пеш аз иди Наврӯз таҷлил меёфт. Онро рӯзи панҷуми исфандмоҳ – Исфандрӯз ё Исфандормӯз ном мебурданд. Номи яке аз фариштагони бузург буда, дар олами маънавӣ мазҳари ишқу муҳаббат, фурӯтаниву тавозӯъ, сулҳу созиш, ҷонбозиву фидокорӣ, бурдборӣ ва дар ҷаҳони моддӣ посбон ва ҳомии занони неку порсо шуморида мешавад. Ин ҷашн мутааллиқ ба занон буда, бонувон дар ин рӯз аз шавҳарони худ ҳадя дарёфт мекарданд ва дарвоқеъ, ин рӯзро рӯзи зан меномиданд.

 

Ба сурати фариштаи хоси занони пок ва порсо қаламдод гардида, барои эҳтиром ва пайравӣ аз ин мазҳари пок дар рӯзи испандорҷашн тамоми модарон ва занони порсоро гиромӣ медоштанд. Масъуди Саъди Салмон чунин навиштааст:

 

Сипандормӯз рӯз хез, эй нигор,

Сипанд ор морову май ор.

 

Дар ниёгони мо ин моҳ, бавижа ин рӯз иди занон буд ва мардон ба занон ҳадя медоданд ва ҳанӯз ин расм миёни тоҷикон маъмул буда, ба муносибати ин ки наздики Наврӯз ва фасли баҳор, айёми бедории табиат, таровати фазлу кушоиш, маншаъ аз домони тавлиди фариштаи оламкушо мисли замин зархези биҳиштосо Рӯзи Модар (8 март) ҷашн гирифта мешавад. Дар замири фарҳанги муосири тоҷикон, қадам ба ҷашни бузург, гиреҳкушои шукуфоии табиат – Наврӯз мебошад.

 

Наврӯз ҷашни хуҷастапай, оламафрӯз ва бедории табиат, рамзи дунёи нуҳуфта, ифодагари анаъанаҳои суннатӣ, эҳёгари фарҳанги  форсҳо, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб меравад. Наврӯз ҷашни омад-омади баҳор такопӯи ҳаёт, рӯиши дубораи табиат, ҷашни офариниши оламу одам буда, барои мардуми тоҷик ва форсизабонони олам пирӯзии нур ба торикӣ, гармӣ ба сардӣ, хубӣ ба бадӣ, ҷавонӣ ба пирӣ, накуӣ ба зиштӣ мебошад. Наврӯз бо тамоми анъана ва суннатҳои гузаштаи мардумиаш барои тоҷикон мукаррамтарин ва беназиртарин русуми миллӣ маҳсуб меёбад.

 

Боиси рӯҳбаландӣ ва василаи ифтихор аст, ки фарзонафарзандони миллат айёми валодати давлатдории хеш чунин ҷашнҳоро мерос гузошта бошанд, дар зимоми давлатдории муосири тоҷикон бо азму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои таърихӣ дубора шукӯҳ дода шуда, бо азамати суннатҳояшон дар бархӯрди тамаддунҳо аз қаъри ҳазорсолаҳо то ин ҷониб бо шукӯҳу шаҳомати ҷаҳонӣ боқӣ монда, дар равнақу ривоҷи байни миллатҳо, эҳтироми ҳамдигар, таҳкими сулҳи халқҳо, эҳёи фарҳанги миллӣ ва тамаддуни башар нақши арзанда мегузорад. Маҳз ҳамин рисолати азалии миллии тоҷикон аст, ки ҷашнҳои миллӣ шаҳомати худро аз қаъри асрҳо то ба имрӯз мерос гузошта, муаррифгари фарҳанги миллӣ дар тамаддуни муосири башарӣ мебошанд.

 

Иброҳим МАҲМАДОВ,

муовини сардори раёсати таълими  Академия

Похожие записи