ҶИЛДИ III «МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН» МУАРРИФИ ГАРДИД

IMG_6662

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ амалӣ доир гардида, дар доираи он ҷилди III китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» муаррифӣ шуд.

 

Дар ҳамоиши мазкур намоядагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону ходимони давлатӣ ва коршиносони варзидаи ватанӣ, инчунин, муаллифони китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Абдухалил  Ғафурзода – Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, ҳадаф аз ҳамоишро анҷоми таҳқиқи комплексӣ оид ба масъалаҳои ташаккул ва рушди мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

Зикр гашт, ки лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатӣ пешниҳод шуда, дар он масъалаҳои умдатарини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор мегирад.

Мавриди зикр аст, ки ҷилдҳои  I ва II китоби мазкур 1 сентябри соли 2019 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардида буд, аз ҷониби Сарвари давлат баҳои баландро сазовор шуд.

Зимни муаррифии ҷилди III китоби мазкур зикр шуд, ки он дар ҳаҷми 500 саҳифа бо муаллифии олимону донишмандон, пажӯҳишгарону собиқадорони хизмати давлатӣ, вакилони мардумӣ, олимони ҷавон ва кормандони касбу кори гуногун таълиф ва ба нашр расидааст. Китоби мазкур метавонад, хизматҳои шоёни Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хонанда ва наслҳои оянда расонад ва дар замири онҳо тафаккури давлатдорию давласозиро ташаккул диҳад.

Инчунин китоби мазкур дар худ таҷрибаи бойи давлатсозӣ ва бунёдкориро инъикос намудааст, ки метавонад, ҳамчун дурнамо дар роҳи рушду тараққиёти ҳамаҷонибаи давлати миллии мо хизмат намояд. Гуфтан мумкин аст, ки ин китоб хотира ва оинаи таърихи даврони соҳибистиқлолии мо мебошад.

Ошно кардани насли ҷавон ба хизматҳои шоёни Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадафҳои дигари таълифи китоби мазкур мебошад. Ҳамин тавр омӯзиши ҳақиқати таърихӣ ҷавонони моро аз бегонапарастӣ, инкори хидматҳои қаҳрамонони миллат, беэътиборӣ ба равандҳои пешқадами ҷомеа боз медорад ва дар тинати онҳо эҳтиром ва сипосмандиро нисбат ба ашхоси ватанхоҳу ватандӯст бедор месозад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар ҷилдҳои ояндаи китоби мазкур ҳар як самти фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоҳида мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта, дар шакли китоб ба нашр расонда мешавад.

Баъди муаррифии китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» дар доираи ҳамоиши мазкур ба самъи ҳозирин ҳисоботи солонаи Академия аз ҷониби Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

 

 

Зикр гашт, ки дастоварди асосии устодону кормандони Академия дар соли 2020 ин табдили Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020, №1463 амалӣ гардид.

Сипас, озмунҳои академиявӣ – “Олими сол”, “Корманди сол”, “Раёсати беҳтарин”, “Кафедраи беҳтарин”, “Мутахассиси сол”, “Донишҷӯи сол” ҷамъбаст гаридида, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардиданд.