ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ МУБОРИЗА БО ТАҲДИДҲОИ ҶАҲОНИ МУОСИР

1459785201_u19a9412-copy

Дар оғози ҳазорсолаи сеюм кишварҳои мусулмониро тағйироти куллие фаро гирифт, ки дар натиҷаи он диққати муҳаққиқон ба бунёдгароӣ ва тундгароии исломӣ афзуд ва ин падидаҳои муҳимми таҳқиқотҳои мухталифи фалсафӣ, диншиносӣ, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ гардиданд. Сиёсигардонии ислом ва исломигардонии сиёсат дар кишварҳои исломӣ таърихи тӯлонӣ дорад.

 

Аз ҳодисаҳои таърихии ба ҳамагон маълуме ҳастанд, ки ҳамчун амали ҷавонмардонаю фахрӣ сабт шудаанд, вале гурўҳҳое ҳастанд, ки ин амалҳоро ба ҳаракатҳои террористӣ шабоҳат медиҳанд. Чунин мушкилӣ дар шароити имрўза ҳам чандон кам нагаштааст. Шояд сабаби ин зидбиниро баъзеҳо дар тобиши илмии нопурра ёфтани мафҳуми «террор» ва «терроризм» донанд, вале дар асл чунин нест. Дар аксарият адабиёти муосири илмӣ амалиётҳои террористии замонро бо манфиатҳо ва ҳадафҳои сиёсӣ пайваст медонанд, танҳо дар зери ниқоби масъалаҳои динию мазҳабӣ, миллию нажодӣ, ҳуқуқу озодӣ ва ғайра арзи ҳастӣ мекунанд. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар ду рўз як маротиба дар ин ва ё он гўшаю канори дунё амали террористӣ рух медиҳад. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ неруҳои муҳофизакор ва озодихоҳ дар ҳолатҳои муайян ба таълимоти исломӣ рӯй оварда, аз он васеъ истифода бурдаанд.

 

Имрўзҳо як қатор гурўҳҳои ҷинояткори террористию экстремистӣ бо сўистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон аз ҳар гуна амалҳои даҳшатафкан ба ҷомеаи башар истифода карда истодаанд. Ин амалҳои нопоки онҳо ба обрўйи дини мубини ислом ва мусулмонон таъсири манфӣ расонида истодаанд.

 

Имрўз амалҳои террористиву экстремистӣ ва роҳҳои маблағгузории он аз ҳисоби гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил, хариду фурўши одамон, силоҳ ва фасод таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ ба сулҳу амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ба шумор мераванд. Равандҳои террористиву экстремистӣ ба тинҷиву оромӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва озодии инсонҳо таъсир расонида, намегузорад, ки таҳкиму тақвият ёбанд.

 

Воқеан, таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Хосатан ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрўз нишон дода истодааст, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Мақсади асосии қудратҳои ҷаҳонӣ ва таъмини манфиатҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии худашон мебошад, аммо дар ин кор гурўҳҳои ифротгарои исломӣ метавонанд яке аз муносибтарин силоҳҳои онҳо бошанд, зеро ин гурўҳҳо бо истифода аз эҳсосоти динии мардум ба осонӣ дар ҷомеа роҳ ёфта, зери роҳнамоии кишварҳои абарқудрат вазъиятро ба нафъи онҳо, яъне ба нафъи хоҷагони худ тағйир медиҳанд.

 

Дар муборизаи худ тундравҳо ва ифротгароён аз роҳу воситаҳои мухталиф, аз он ҷумла зӯрӣ ва зӯроварӣ истифода менамоянд, ки онро метавон ҳамчун ифротгароии динӣ-сиёсӣ баррасӣ намуд. Аз ин рӯ, дар шароити имрӯза таҳқиқи маҷмӯи мураккабу пурихтилофи заминаҳо, шароити дохилию берунӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии ташаккулу инкишофи самтҳои ифротгароии динӣ-сиёсӣ дар фазои пас аз Шӯравӣ, махсусан дар Тоҷикистон бисёр муҳим мебошад.

 

Ифротгароии динӣ-сиёсиро метавон ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти давлат ва рушди устувори ҷомеа баррасӣ кард. Дар шароити имрӯза ифротгароӣ дар шаклҳои мухталиф зоҳир мегардад, ки яке аз онҳо ифротгароии динӣ-сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Ташаккул ва рушди ин шакли ифротгароӣ дар Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад, ки мақсадҳои сиёсиро пайгирӣ карда, ба арзишҳои умумиинсонӣ зарар мерасонад ва зӯровариро дар ҷомеа ташвиқу тарғиб мекунад.

 

Ифротгароии динӣ-сиёсӣ ва терроризм дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ба душвории бузурги иҷтимоӣ табдил ёфтааст, ки ба аксарияти ҷанбаҳои рушди давлатдории муосири тоҷикон таъсири манфӣ мерасонад. Воқеаҳои февралии соли 1990 ва сипас ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар нишон доданд, ки рушди ифротгароӣ дар кишвар метавонад, ки ба пояҳои давлату давлатдорӣ халал ворид намояд ва ҳатто давлатдориро аз байн барад.

 

Дар баробари чунин таҳдиду хатарҳои воқеӣ, инчунин хатари истеҳсол ва содироти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистон, ба кишварҳои наздисарҳадии он, аз ҷумла ба Тоҷикистону Ўзбекистон ва Туркманистон нигаронии амиқро ба вуҷуд овардааст. Ин нигаронӣ танҳо ба амнияту суботи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дахл на-дошта, балки ба кишварҳои минтақаи Аврупову Амрико низ таъсир мерасонад. Имрўз низ мубориза бар зидди истеҳсол ва содироти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз мушкилиҳои ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Эҳтимоли зиёд бар он аст, ки аксари ташкилоту гурўҳҳои террористӣ маҳз аз ҳисоби даромади ҳангуфти фурўши ғайриқонунии маводи мухаддир маблағгузорӣ мегарданд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери роҳбарии сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи арзишманди мубориза бо экстремизм ва терроризмро касб намудааст, ки муаррифии амиқ ва дурусти он барои пешбурди мубориза бо ин падидаҳо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хеле муфид хоҳад буд. Ҳамзамон тақвият гаштани ҷанбаҳои сиёсию дипломатӣ ва таҳлилию коршиносӣ метавонад дар самти мубориза бо терроризм ва экстермизм, роҳҳои маблағгузории он, аз ҷумла аз ҳисоби гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва фурўши одамон ва рафъи ҳатару таҳдидҳои он барои кишвари мо, минтақа ва ҷаҳон бисёр муфид бошад.

 

Бинобар ин, решакан намудани терроризм вазифаи асосии ҳар як давлат буда, барои расидан ба натиҷаи мусбат ҳамкории давлатҳоро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тақозо менамояд. Дар баробари ин баланд бардоштани маҳорату малака ва бо лавозимоти муосири ҷангию техникӣ таъмин намудани сохторҳои қудратие, ки алайҳи терроризм хусусан дар марзҳо мубориза мебаранд шарт ва муҳим мебошад.

 

Ҳамзамон муассисаю ташкилотҳои дахлдор аз ҷумла мактабҳои миёна ва муассисаҳои олӣ вазифадоранд, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва беҳтар намудани сатҳу сифати худшиносию масъулиятшиносии аҳли ҷомеа чораҳои зарурӣ андешанд.

 

Диловар РАҲИМОВ,

Заробиддин ШЕРАЛИЗОДА,

кормандони раёсати кадрҳо,

коргузорӣ ва корҳои махсуси академия

Похожие записи