ҶУҒРОФИЁИ ГУСТАРИШИ ЗАБОНИ ТОҶИКИИ ФОРСӢ ДАР АСРҲОИ МИЁНА

забон

(бар мабнои китоби “Забони миллат –ҳастии миллат”, Душанбе, 2016)

 

Яке аз омилҳои асосии бақои ҳар миллат, бешубҳа, забон ба шумор меравад. Забони ҳар миллате барои пойдории он қавм ва боландагиву якпорчагии он аз ҳар унсури дигари миллатсоз коромад ва муфид арзёбӣ шудааст. Ҳамин амр дар мавриди забони тоҷикӣ беш аз ҳар забони дигари дунё дурусту рост меояд, ки дар баробари ҳар ҳодисаву ошӯбҳои замон, ки назирашон дар таърихи инсоният кам иттифоқ афтодааст, ин омили муҳим мардуми моро аввалан муттаҳид, баъдан роҳнамову мояи ифтихор гардида  ва бо мафҳумҳои зодгоҳу ватан ва модар ҳамқисмату пайванд дошааст, ки навъе вижагии қудсӣ пайдо кардааст.

 

Агар ба назар бигирем, ки истиқлоли ҳар қавме марбуту манут ба забону фарҳангу маънавиёти ӯст, пас истиқлоли забонии миллати мо боиси ифтихор ва ғурури ҳар яки мо метавонад бошад, ки дар ягон давраи таърихӣ бо вуҷуди аз тарафи халқҳои дигар тасаллути комили низомӣ ва қудратӣ пайдо кардан бар халқҳо ва кишварҳои қаламрави забонии мо, онҳо натавонистанд забони воҳиди моро аз байн баранд, ё бар он ғолиб оянд. Ин пеш аз ҳама, бо он сабаб аст, ки решаҳо ва маънавиёти фародоштаи ин забон чунон мустаҳкам ва пурбор буданд, ки ҳар қавми ғолиб ба он шефта, гирифтор ва ногузир ба пазириши он мегардид. Аз ҳамин сабаб нуфузу таъсири ин забон ба ҳамаи забонҳои ҳамсоя ва беш аз он ба забонҳои бособиқа ва решадору мазҳабии минтақа будааст. Ба назари мо ин пойдорӣ ва нерумандии забони мо баста ба маводи дарҷёфта дар ин забон мебошад ва дигар он ки сохтору содагии баёни ин забон, ки фарогирии сабуку роҳаттаре барои бегонагон дошт ва ниҳоят оҳангнокӣ, ширинии тарзи ифодаи ин забон, ки ҳар шунавандаро ба худ маҷзуб мекард, муҳимтарин омилҳои густариши ё дурусттар бигӯем пазириши ин забон ба ҳайси забони муҳовара ё эҷоди осори мондагор аз ҷониби намояндагони қавму миллатҳои гуногун метавонад бошад. Зеро Муҳаммад Иқбол – ин шоиру ходими бузурги милливу ватании покистонӣ бо вуҷуди забони модарияш панҷобӣ, забони омӯзишияш урду ва забони расмии дигари кишвараш англисӣ будан ба забони форсии тоҷикӣ ашъори худро месуруд ва бо ифтихор мегуфт:

 

Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Лек тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

 

Дар ҳамин робита бояд иброз намоям, ки яке аз масъалаҳои асосӣ ва муҳимми ифтихорангез, ки дар китоби арзишманду мондагори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” матраҳ мегардад, густариш ва болоравии забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар минтақа ва густараҳои берун аз хостгоҳи он мебошад. Масъалаи мазкур аз замони ба ҳайси забони давлатӣ рушду нумуъ кардани ин забон дар замони Сомониён оғоз гардида, бо тавсеа пайдо кардани қудрати ин давлат ба самти ғарбу ҷануби Эрон ва ба ислом гаравидани қабилаҳои саҳронишини қисмати шимолии ин давлат ва аз ҷониби онҳо пазируфтани ин забон ба сифати ҳам забони давлатӣ ва ҳам забони диниву мазҳабӣ  бештар тақвият пайдо кард. Вале дар ин кор ҳодисаву рӯйдодҳои асрҳои баъдӣ бисёр таъсиргузор ва муассир буданд. Ҷорӣ гардидани забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ ва муошират дар сарзаминҳои ҳамҷавор ба лашкаркашиҳо ва футуҳоти ҳокимони сулолаҳои Ғуриён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён, ки пас аз ишғоли Хуросону қисматҳои Мовароуннаҳр, ба Ҳиндустон ва Осиёи Хурду Сурия лашкар кашида, қаламрави худро густариш доданд, иртиботи қавӣ дорад. Дар сарзамини паҳновари Ҳинд бо вуруди лашкариёни Султон Маҳмуди Ғазнавӣ аҳли илму адаби дарбори ӯ ҳам дохили ин хок гардида, дар бисёре аз шаҳрҳои ин хитта ба марказҳои адабӣ асос гузоштанд. Шаҳри Лоҳур дар ин минтақа аз ҳар нигоҳ барои ривоҷи шеъру адаби форсии тоҷикӣ мувофиқ ва як навъ пойтахти салтанати Ғазнавиён дар Ҳинди шимолӣ гардида буд. Маҳз дар ҳамин шаҳр аввалин шоирони форсигӯи Ҳинд мезистанд, ки Абулфараҷи Рунӣ ва Масъуди Саъди Салмон аз шоирони соҳибдевони ин давра мебошанд, ки дар пешрафти адабиёти форсизабони нимҷазираи Ҳиндустон таъсири босазо доштаанд. Нақши подшоҳону амирони Ғурӣ дар густариши забони тоҷикӣ ба қалби Ҳинд ва офаридани осори адабӣ, илмӣ, ирфонӣ, мазҳабӣ ба ин забон хеле назаррас ва дар асрҳои баъдӣ дар ҳимоя ва паноҳ додани оворагони ҳуҷуми хонумонсӯзи муғул аз Осиёи Миёна ва Хуросон бисёр ҷолиб ва дар таърих сабту забт шудааст, ки боиси густариши забону адаби тоҷикӣ дар ин давраҳои сарнавиштсоз будааст. Ҳамон гуна, ки дар боби охири ҷилди аввали китоби беназири “Забони миллат – ҳастии милат” омадааст: “Халқи мо бо забону фарҳанги ғании дерини худ аз ҷумлаи мардумони фарҳангсозу тамаддунофари дунёи қадим маҳсуб мегардад. Бинобар ин, агар аз фарҳанги моддӣ ва иҷтимоию сиёсии садаҳои охир аз мо дороӣ камтар маҳфуз монда бошад ҳам, вале аз назари мероси фарҳангӣ ва арзишҳои ахлоқиву маънавии умумибашарӣ мо соҳиби сарвати нодиру камназире ҳастем, ки ҷавҳари ин сарват дар мағз-мағзи тору пуди миллат танида аст” (Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат –ҳастии миллат. –Душанбе: Эр-граф, 2016, -492 саҳ., саҳ. 362-363). Дар ҳамин қисмати китоб аз корнамоии адабии ниёгони мо дар ин сарзамин Муҳаммад Авфии Бухороӣ, Минҳоҷиддини Ҷузҷонӣ, ки дар оғози тоҷикинависии ин минтақа бо асарҳои мондагори хеш “Лубобу-л-албоб”, “Ҷомеъу-л-ҳикоёт”, “Табақоти Носирӣ” хидмати шоиста дар забону адабу таърихи миллати мо анҷом доданд, ки боиси пайравӣ ва татаббуъи дигар бузургони адабу таърихи мо гардиданд. Пас аз амирони Ғурӣ ва Ғазнавӣ подшоҳони Деҳлӣ дар густариши забону адаби тоҷикӣ, ки чанде аз шоҳзодагони онҳо худ аз аҳли фазлу адаб ва аз ин фарҳанги ниёгони мо асарпазир гашта буданд, саҳми носутурданӣ гузоштаанд.

 

Дар мавриди  забону адаби форсии тоҷикӣ ба самти Осиёи Хурду Сурия ва то сарҳадди Чин нақшу саҳми сулолаи Салҷуқиён муҳим арзёбӣ мегардад. Ин сулола бар асари зиндагии тӯлонии хеш бо мардумони Хуросону Мовароуннаҳр дар зери таъсири фарҳангӣ, забонӣ ва адабии онҳо буданд. Бинобар ин, бо ба сари қудрат расидани онҳо забони тоҷикӣ забони расмӣ ва давлатии ин сулола қарор мегирад. Дар ривоҷи забони тоҷикӣ дар низоми идории ин сулола нақшу саҳми вазирони адабпарвару аҳли навиштану таълифи онҳо Абӯнасри Кундурӣ, Хоҷа Низомулмулки Тӯсӣ ва фарзандони ӯро махсус қайд намудан лозим меояд. Сулолаи Салҷуқиён бо лашкаркашиву футуҳоти низомии хеш забони тоҷикиро то ба ҳудуди Қафқозу Осиёи Хурд, Ироқу Сурия, Ҳинду Синд густариш доданд. Осори бузурги адабиву забонии ин давра аз ҳар нигоҳ ҷолиби таваҷҷуҳ буда, ҳам аз лиҳози мазмуну муҳтаво ва ҳам аз ҷиҳати шаклу қолабҳои адабӣ дар таърихи адабиёти мо беназир мебошад, ки дар асарҳои таҳқиқии адабиётшиносӣ ба таҳқиқу баррасиҳои мутахассисон расидааст. Вале нақшу таъсир ва нуфузи забони тоҷикӣ ба ҷомеаи ин сарзаминҳо ва қавмҳои маскуни он аз мавзӯи асосии китоби мавриди гуфтугӯи мо мебошад, ки муаллифи борикбину жарфандеш бо тамоми масъулияти илмӣ ба хонандагон иброз медоранд, ки “дар рӯзгори Салҷуқиён дар қаламрави азим, яъне аз соҳилҳои баҳри Миёназамин то ҳудуди Чин забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) барои халқу қавмиятҳои мухталиф вазифаи забони байналмилалиро бар дӯш дошт ва ҳамон нақшеро иҷро намуд, ки забони арабӣ ҳангоми густариши ислом дар сарзаминҳои тобеи хилофат ва забони лотинӣ дар асрҳои миёна дар рушди фарҳангу тамаддуни Аврупо иҷро кард” (Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат –ҳастии миллат. –Душанбе: Эр-граф, 2016, -492 саҳ., саҳ. 362).

 

Масъалаи густариши забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ ва муоширати байналмилалӣ дар китоби мазкур ба баракату шарофати сиёсати фарҳангпарварона ва миллии хонадони нисбатан муқтадири он давра Сомониён дониста мешавад, ки комилан мантиқӣ ва илмӣ буда, ба таъбири олимона ва дақиқи муаллифи муҳтарам “Растохези адабиву фарҳангие, ки дар ин сарзаминҳо баъди асри IX оғоз гардид, ҳукумати нави забонӣ “шоҳаншоҳии забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ)”-ро бунёд ниҳод, ки шукуҳу азамати он шаш қарн идома ёфт ва онро метавон дарозумртарин “шоҳаншоҳӣ” дар таърихи даврони нави забонҳои ин минтақа ба шумор овард” (Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат. –Душанбе: Эр-граф, 2016, -492 саҳ., саҳ. 363).

 

Тамоми осори абармардони ин давраи арсаи фарҳангу тамаддуни тоҷик дар китоб ба тафсил, бо дирояту дидаи таҳқиқ ва назари мунсифонаи илмӣ  ба риштаи таҳрир кашида шудааст, ки аз камоли дониш ва огоҳии муаллифи муҳтарам дар амри пуштибонӣ ва ғамхории мероси пурифтихор ва саҳму нақши миллати муаззами мо дар тамаддуну фарҳанги ҷаҳонӣ мебошад.

 

Аз вижагиҳои забонии осори ин давраи таърихӣ ба чанд нукта метавон ишора намуд, ки дар асарҳои таҳқиқии дар мавриди ин давра омадаанд. Нахустин вижагии забонии ин давра дар шеър роҳ ёфтани вожагони истилоҳӣ ва ихтисосии илмҳои гуногуни мутадовили замон мебошад, ки муҷиби ба вуҷуд омадани асарҳои шарҳу тафсирӣ ба ин гуна асарҳо гардидаст ва ин даста аз асарҳо дар таърихи адабу фарҳанги мо аз ҷойгоҳи хос бархӯрдор мебошанд. Дар ҳамин замина ба вуҷуд омадани асарҳои лексикографӣ, яъне фарҳангҳо ҳам дар сарзаминҳои берун аз хостгоҳи забони мо натиҷаи ҳамин наҳзати фарҳангӣ ва забонӣ мебошад, ки вежагии муҳими ин давра аст. Дигар он ки бисёр калимаву вожаҳои мардумони маҳаллӣ ба забони форсии тоҷикӣ дохил гардиданд, ки баъдан мутадовил ва умумӣ шуданд.

 

Бузургтарин асари аз ин нигоҳ мавриди таваҷҷуҳ қарордошта ашъори Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ бахусус, “Маснавии Маънавӣ”-и ӯ мебошад, ки ҳам аз лиҳози забон ва ҳам аз баён дар иртиқои забони миллии мо саҳми беандоза дорад, ки берун аз хостгоҳи ин забон эҷод шудааст.

 

Хулоса, дар саҳифаҳои ин китоб бо афкору андешае рӯ ба рӯ мешавем, ки саросар илмӣ, мантиқӣ ва саршор аз рӯҳияи миллӣ ва ифтихорангез мебошад, ки ҳар мутолиакунандаро ҷалби таваҷҷуҳ мекунад.

 

Умеда СУЛТОНМАМАДОВА,

номзади илмҳои филологӣ,

дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ

ва ҳуҷҷатнигории Академия

Похожие записи