КУМАКИ НАВБАТИИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ШАҲРИ ҲИСОР

IMG_1146

Бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақонаи иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа солҳои охир миёни вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

 

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба ятимон, нафарони имконияташон маҳдуд ва ашхоси камбизоат  кумак менамояд.

 

Ин навбат кормандон, устодон ва донишҷӯёни Академия бо роҳбарии Аҳмадзода Зулфия Кабир – ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа ба дидорбинии кӯдакони мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор бо туҳфаҳои хотиравию барномаи рангини фарҳангӣ рафтанд.

 

Нахуст дар даромадгоҳи муассиса роҳбарият, кормандон ва хонандагон меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Пешвои муаззами миллат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Хонандагон дар васфи Ватан, ободию озодӣ ва истиқлолу ҳамдилӣ, сулҳу субот шеърҳо қироат намуданд.

 

Меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои тарбиятгирандагон дидан намуда, ба ҳунари дастии онҳо баҳои баланд доданд.

 

Зимнан иттилоъ дода шуд, ки мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор дар як баст фаъолият намуда, дар он 316 нафар кӯдаконе, ки ба бемории полиомиелит, фалаҷ, синдроми дауна ва ноқисулақлии дараҷаи миёна гирифтор шудаанд, таълиму тарбия гирифта истодаанд.

 

Дар ҷараёни вохӯрӣ ноиби ректор аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии кишвар дар самти дастгирии ятимону бепарасторон ва камбизоатону барҷомондагон ёдовар шуда, иброз намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаи ниёзманд, аз ҷумла ятимону барҷомондагон, шахсони имконияташон маҳдуд ва камбизоатон мавқеи меҳварӣ доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ятим, барҷомонда, шахси имконияташ маҳдуд аз лутфу меҳрубонии падаронаи Пешвои ятимпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бенасиб намонда, онҳо ҳамеша таҳти ҳимоя қарор доранд.

 

Ятимпарварӣ ва таваҷҷуҳ ба кӯдакони маъюбу бепарастор беҳтарин фазилатҳои инсонӣ буда, дар адабиёти пурғановати миллати мо ба таври мукаммал тавсифу тараннум ёфтааст. Сарвари давлат дастгирии ятимону бепарасторонро дар меҳвари таваҷҷуҳи хеш қарор дода, бо ҳамин сифати волову хислати накӯ маҳбубияти хос пайдо намудаанд.

 

Дар фарҷом таъкид гардид, ки ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд дар партави сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат бояд ҳаргиз худро яккаву танҳо ҳис накунанд ва онҳоро мебояд дар фазои сулҳу оромӣ, бо истифода аз шароиту имконоти фаррохи илмомӯзӣ таҳсил намуда, бо маърифати баланди инсонӣ баҳри ояндаи дурахшони Ватан хизмат намоянд.

 

Бояд тазаккур дод, ки дар ин рӯз аз ҷониби Академия барои тарбиятгирандагони мактаб-интернат як вақт хӯроки гарм ташкил карда шуда, ба онҳо инчунин туҳфаҳо ва ба муассиса як адад техникаи заминшудгоркунӣ тақдим гардид. Ҳамзамон, аз тарафи санъаткорони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш карда шуд.

 

Қобили зикр аст, ки коллективи омӯзгорону мураббиёни мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор дар самти беҳдошти шароити зисту зиндагонии кӯдакони маъюбу бемор, баланд бардоштани сифати таълим, дар руҳияи хештаншиносию ватанпарварӣ тарбия намудани тарбиятгирандагон саъю кӯшиш намуда истодаанд.

 

 

Аксҳо

Похожие записи

Оставьте нам комментарий