7-УМИН МОДЕЛИ СҲШ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

IMG_5470

Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, ки дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, видеоконференсия – бозии интерактивӣ дар мавзӯи “20 соли фаъолияти СҲШ: Тарҳрезии даҳсолаи нави ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ” доир гардид.

 

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ва мутахассисони ба омӯзиши фаъолияти СҲШ шавқу рағбатдошта дар доираи ҳамкории Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон бо платформаи ҷавонони СҲШ SCOLAR Network 7-умин Модели СҲШ, бо иштироки тренерон аз давлатҳои аъзои СҲШ тӯли 4 рӯз роҳандозӣ шуда, 24 майи соли ҷорӣ ба он ҳусни анҷом бахшида шуд.

 

Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур дар қаламрави Тоҷикистон бори нахуст баргузор шуда истодааст.

 

“Модели СҲШ” конференсияест, ки дар раванди он ба иштирокчиён имкони намояндагии давлати аъзои СҲШ, иштирок дар муҳокимарониҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллии давлатҳо бо мақсади мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ дода мешавад.

 

Иштирокчиёни модели мазкурро 17 нафар донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва мутахассисони ҷавони аз 18 то 35-сола ташкил медиҳанд, ки онҳо аз 8 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе тариқи пур кардани дархост ва навиштани эссе дар мавзӯи “Ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ дар доираи СҲШ: дастовардҳо ва афзалиятҳо” ҷалб гардидаанд.

 

Чорабинии мазкур аз 30 апрел то 24 май идома ёфта, дар анҷоми он мувофиқи нақша бозии интерактивӣ доир гардид, ки дар рафти бозии интерактивии мазкур иштирокчиён ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ-ро намоиш доданд.

 

Дар фарҷом ба иштирокчиёни конференсия аз ҷониби ташкилкунандагон гувоҳнома супорида шуд.

 

Инчунин, ғолибони номинатсияҳои махсус аз ҷониби Котиботи СҲШ бо шаҳодатнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Похожие записи