ШӮРОИ ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Ҳайати Шӯрои олимони Академия
- Нақшаҳои кории Шӯрои олимони Академия
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
- Ҳуҷҷатҳо барои дарёфти унвонҳои илмӣ
Шӯрои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи олимони Академия ташкил ёфта ва яке аз рукнҳои асосии сохтори Академия маҳсуб мешавад. Раиси Шӯрои олимон ректори Академия мебошад, ки дар ҷаласаи Шӯро интихоб мегардад, ҳамчунин котиби илмии Шӯро аз тарафи раиси Шӯрои олимон пешниҳод ва дар ҷаласаи Шӯрои олимон тасдиқ карда мешавад. Ҷаласаҳои Шӯрои олимон моҳе, як маротиба доир мегарданд, ки дар он муҳимтарин масъалаҳои сохторӣ, таълимӣ, илмӣ, илмӣ-методӣ, тарбиявӣ, хоҷагидорӣ ва ташкилии Академия баррасӣ мешаванд. Шӯрои олимон дар бораи даъват ва гузаронидани конфронс қарор қабул мекунад, тартиби интихоби вакилони конференсияро муайян мекунад, масъалаҳои корҳои таълим, таълимӣ-методӣ, тадқиқотӣ ва иттилоотӣ – таҳлилӣ, тайёр кардани кадрҳо, татбиқи муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тасдиқи нақшаҳо ва барномаҳои таълимии кориро ҳал мекунад, дар бораи ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимии кафедраҳо қарор қабул мекунад, дар бораи ташкили раванди таълим, аз ҷумла муҳлати таълим мувофиқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот қарор қабул мекунад, нақшаҳои корҳои илмиро тасдиқ мекнад, ҳисоботи солонаи ректорро мешунавад, принсипҳои тақсимоти захираҳои молиявӣ, моддӣ ва меҳнатии Академияро муайян мекунад, оид ба масъалаҳои пешниҳоди унвонҳои илмии дотсент ва профессор, барои ишғоли вазифаҳои кормандони илмӣ ва омӯзгорӣ интихоби озмунӣ мегузаронад, мудирони шуъбаҳоро интихоб мекунад, дар бораи ташкил ва аз навташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шуъбаҳо қарор қабул мекунад, самтҳои тадқиқоти илмиро муайян мекунад, нақшаҳои солонаи корҳои илмии Академияро баррасӣ менамояд ва дигар масъалаҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Оинномаи Академия ба салоҳияти худ мансуб донистаанд, ҳал мекунад. Низомномаи Шӯрои Олимони Академия дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, “Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст ва он вазифаҳои асосии Шӯрои олимон, ҳайати он ва тартиби баргузории ҷаласаҳои шӯроро муайян мекунад. Иҷрои қарорҳои Шӯрои олимон барои шахсони масъул ҳатмӣ мебошад, зеро онҳо эътибори ҳуқуқӣ доранд ва бо овоздиҳии аъзои Шӯрои олимон қабул карда мешаванд.
Дар ҳайати Шӯрои олимон комиссияҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти АИДНПҶТ таъсис дода шуданд:
- Оид ба корҳои таълимию методӣ, ки самти асосии фаъолияти он бо иҷрои омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои олимон оид ба масъалаҳои марбут ба кори таълимӣ алоқаманд аст, дастгирии коршиносон оид ба таҳияи самтҳои асосии сиёсати таълимии Академия, баррасии дархостҳои Шӯроҳои илмии факултаҳо ва таҳияи пешниҳодҳо ба Шӯрои олимони Академия оид ба таъсиси барномаҳои нави таълимӣ, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ ва тағйири номи кафедраҳо ва ғайра;
- Оид ба корҳои илмию тадқиқотӣ, ки бо таҳияи масъалаҳои илмӣ дар Академия машғуланд, шиносоӣ бо самтҳои асосӣ ва дастовардҳои корҳои илмии кафедраҳои асосии Академия, додани мукофотҳо, стипендияҳои иловагӣ, таҳияи пешниҳодҳо барои баррасӣ дар Шӯрои олимон оид ба таъсиси мукофотҳои шахсӣ, стипендия, медалҳои хотиравӣ ва дигар намуди мукофотонидани кормандон ва донишҷӯёни Академия барои натиҷаҳои дар таҳқиқот фаъолияти назаррас ба даст оварда ва ғайра;
- Оид ба иқтисод, молия ва рушди иҷтимоӣ, баррасии буҷаи Академия, таҳлили вазъи молиявӣ ва иқтисодии Академия, таҳияи меъёрҳо ва тартиби муқаррар намудани пардохтҳои иловагӣ ва иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони Академия, баҳодиҳии самарабахш ва таҳияи пешниҳодҳои сарфакории захираҳои молии Академия, таҳияи нақшаҳо ва барномаҳои стратегии рушди иҷтимоии Академия ва ғайра;
- Оид ба кадрҳо ва одоби касбӣ, ки бо таҳлилу таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили сиёсати кадрии Академия машғуланд, ошноӣ ва баррасии пешакии парвандаи номзадҳо барои ишғоли вазифаҳои холӣ, инчунин парвандаи номзадҳое, ки барои мукофотҳои соҳавӣ ё ҳукуматӣ пешбарӣ шудаанд, омодагӣ ба ҷаласаҳои Шӯрои олимон ва мувофиқа барои қабули қарорҳо дар бораи додани унвонҳои профессори фахрӣ ва доктори фахрӣ ва ғайра;
- Оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки механизмҳои ҳуқуқии ҳамкории байни шуъбаҳои Академияро таҳия мекунад, таъсиси гурӯҳи ташхисии ҳуқуқӣ оид ба тағйирот дар сохтори Академия ва азнавташкилдиҳии бахшҳои Академия, ташхиси ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки ба баррасии Шӯрои олимон пешниҳод шудаанд, тҳлили ҳуқуқии лоиҳаи қарорҳо ва ғайра;
- Оид ба корҳои тарбиявӣ, ки самти асосии он таҳияи консепсияи сиёсати ҷавонони Академия мебошад, баррасии масъалаҳои ташкил ва гузаронидани корҳои тарбиявӣ ва фарҳангӣ дар Академия, таҳияи масъалаҳо оид ба тақсимоти кумакҳои молиявӣ ва кафолатҳои иҷтимоӣ, мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки корҳои тарбиявӣ бо донишҷӯёни Академия, баррасии риояти талаботи дохили Академия вобаста ба ташкили таҳсил, зиндагӣ, истироҳат, фароғат ва ҳифзи иҷтимоии донишҷӯён ва ғайра;
- Оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, ки ҳолат ва самаранокии ҳамкориҳои байналмилалии Академияро таҳлил мекунад, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои байналмилалиро муайян менамояд ва ғайра.