ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ МИЛЛӢ

273363

Дар ҷаҳони пурталотуми имрӯз Тоҷикистон, ки бо ниёзи рӯзафзун аз истиқлоли хеш истиқбол дорад, давлатест, ки мавҷуд аст, сиёсат дорад, майдони зиндагии хеш меҷӯяд, иқдомҳо анҷом медиҳад ва ба сӯи оянда менигарад. Истиқболи истиқлол назар ва нишонаи давлатдорӣ аст, маҳз дар ин айём мо худро мешиносем ва ҳувияти хеш меҷӯем. Шинохт ва огоҳии миллӣ амри нахустини тасмимгирии худшиносӣ барои худсозӣ аст. Амри шинохт баҳри худшиносӣ бо мақсади худсозӣ аз ҷиҳати созгорӣ ва ҳидоят моро аз ҳаёти иҷтимоӣ огоҳ менамояд ва дар ин ҷиҳат ба хайру саодати хеш мерасонад. Барои расидан ба ин ормон, тасмимгириҳо, зарурияти мавқеъёбӣ, ниёзҳо ва арзишҳои мавриди ниёзи маънавӣ аз масъалаҳое мебошад, ки моро ба омодагӣ ва омӯзишҳои (саводи) мавриди ниёз ҳидоят менамояд. Аз ҷиҳати баҳрагирӣ, ки мо дар робита бо истиқлол, аз он ҷиҳат, ки сармояи кишварем, нақши ояндаи созгори он буда метавонем ва бояд барои созгории он омодагӣ ва тадбир дошта бошем, барои таҷлили он вазифадор бошем, огоҳӣ ва маҳорати лозимиро ба даст дошта бошем.

 

Мо дар остонаи сисолагии истиқболи истиқлол ҳастем, ки бояд ҷазб бо он бошем ва бодиққат нисбат ба сарнавиштамон бетаваҷҷуҳ набошем. Мо барои баррасии комилтари ин баҳс таъкид менамоем, ки имрӯз ҳукумати кишвар дар созандагии насл аст ва дар ин марҳилаи ҳассосу эҳсос аз таърих дар беҳтар намудани ҳаёти маънавӣ густаришҳоро сайқал медиҳад. Насле, ки барои он шинохт, худогоҳӣ баҳри худсозӣ бегона аст, оқиба имкони расидан ба хайру саодатро надорад ва масъалагузорӣ барои онҳо, мавқеъгароӣ аст. Асри мо асри мушкилоти азим аст, зеро аз як тараф, тамоилот ва гароишҳои сиёсӣ, аз сӯи дигар, хурофотҳои баъзе гурӯҳҳои мазҳабӣ ва равияҳои ифротии динӣ роҳи асли наслро ғалат месозанд. Ин сархӯрдагон буданд ва агар ба таърихи сӣ соли истиқлоли миллиамон бингарем, ҳамеша онҳо бо «либосу кӯлоҳ»-и дигар, бо тафриқаву тафовут сангар сохтанд, мардумро ба парокандагии миллӣ даъват карданд ва мулло-намоёнӣ намуданд. Онҳо ҳоло ҳам барои манфиати сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ сарнавишти миллатро ба савдо мегузоранд. Мо хуб медонем, ки ихтилофҳои сиёсӣ-динӣ аз тавоноӣ ва маҷбурӣ рӯй медиҳанд. То имрӯз ҳеҷ низоми сиёсие вуҷуд надорад, ки тавонад манбаи ин ихтилофотро айнӣ ва тариқи мислу назар бидонад. Мо фақат ин нуқтаро дар назар дошта бошем, ки ихтилофотҳои сиёсӣ-динӣ тазодҳои кашида ва оқибатҳои табоҳкунанда доранд. Дар ҳар вазъу ҳолат мо метавонем ҳастии худро ёбем ва барои майлу ҳадафи худ талош намоем. Ин шинохти мо кӯшишҳое мебошанд, ки моро ба сӯи ормонҳои истиқлол ҳидоят мекунанд. Ҳамчунин, шинохти мо робитаест, ки ҳастии моро ба дигарон мепайвандад ва бо мо имкон медиҳад, ки бо истифода аз онҳо ва бо кӯшиш дар роҳи таҳкиму тақвияти онҳо худро неруманд ва барои такомули шинохти худ омода созем.

 

Мо огоҳ ҳастем, ки ҳастии мо, – “кисти мо” дар роҳи баҳрабардории ҳарчи бештар аз истиқлоли миллӣ аст, ки ба мо имкон медиҳад, ки аз худшиносӣ ба худсозӣ бирасем. Ҳамаи талошҳои мо, зарурати шинохти мо, барои худсозии мо тайини мактаби давлатдории мо дар пайраҳаи истиқлол фишорҳо, таъсироти сиёсӣ-динӣ, таблиғотҳои нотавонро пушти сар мепартояд. Мо дониста будем ва имрӯз донистем, ки барои пойдории давлатдорӣ мо бояд андешаҳои қавиву мустаҳкам дошта бошем, то бо шароити фикрӣ ва зеҳнӣ маънии истиқлоли хешро такмил диҳем.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд.

 

Даврони Истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба Истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

 

Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

 

Судури истиқлол судури андешаҳо ва маънавиёти давлатдории мо аст. Имрӯз давлатдории мо ба унвони як неруи сиёсии ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Пирӯзии истиқлол дар талошҳои доимии мо, ки баҳри такмилу густариши давлатдории тоҷик аст, дар истиқлол, ҳувияти миллӣ, дар худшиносӣ баҳри худсозӣ тавзеҳ ва такмил меёбад.

 

Меҳримо ДИЛВОХЧИЕВА,

корманди Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий