ҶАВОНОН — МАҲАРРИКИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

51193107036_59ae3356ea_o

Имрӯз сари ҳамин ибораҳо ҳадс мезанем. Якеро баҳри пешрафти дигаре таҳлил мекунем ва ояндаро бо дастовардҳои хуби онҳо бунёд мекунем. Албатта, вақте перомуни ояндаи дурахшони ҷавонони имрӯза сухан мегӯем, бояд пеш аз ҳама ба тафаккури баланд, ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми таъриху тамаддун, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва ба ояндаи дурахшони онҳо бовар дошта бошем.

 

Бояд гуфт, ки зиёда аз 70 фисади аҳолии мамлакатро ҷавонони аз 20 то 35-сола ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди ҷавон буданашон онҳо бо ҳисси баланди хештаншиносӣ, имрӯз гомҳои устуворе дар самти илму маърифат, ихтирооту кашфиётҳо, санъату фарҳанг, рушди варзиш ва дигар соҳаҳои муҳими ҷомеа ниҳода, кору фаъолият менамоянд. Бо даст додани имконият ман тавонистам бори дигар донишҷӯ гардам, яъне магистранти яксолаи хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаву таҳсил дорам. Дар ин ҷо ман бевосита аз наздик бо ҷавононе, ки ҳақиқатан ватандӯсту меҳанпарастанд ва пайрави ҳақиқии Пешвои худ мебошанд, вохӯрдам. Аҳсан ба эшон, шунидан кай бувад монанди дидан. Вақте дар бораи ҷавонон мехондаму мешунидам боварии кам доштам, чун аз наздик бо чашми сар дидам, ки чигуна дар пайи омӯзишу рушд ҳастанд, баъдан бовариам нисбати ин қишри ояндасози миллат боло рафт. Моро аксаран омӯзгорони ҷавонон дарс медиҳанд. Масъулияти баланд ва донишу малакаи хуб доранд, пайваста дар фикри рушди кишвари ҷавони худ ҳастанд. Моро ба бунёду ободкорӣ ва рушди илму техника талқин менамоянд.

 

Президенти маҳбуби мо ҷое фармудаанд. «Мо ба ҷавонони баилму номуси худ боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти мо ҳастанд» Агар бигӯем, ки ҷавонони мо аз ҷавонони солҳои 1970-80 фарқи калон доранд, хато намекунем. Ман доири ҳамин фарқият борҳо зеҳн мондаам ва аз мушоҳидаи худ мегӯям. Мавриди зикр аст, ки танҳо дар риштаи варзиш фисади зиёди ҷавонони даврони Истиқлолро аз ҷавонони даврони Шӯравӣ қиёс кард. Агар дар солҳои Шӯравӣ ҷавонони варзишгар ангуштшумор буданд, пас имрӯз ин арқом садҳо маротиба афзудааст. Рӯзе нест, ки тариқи оинаи нилгун аз дастовардҳои беназири паҳлавонони ҷавони мо сухан нагӯянд. Сониян бояд гуфт, ки пешрафти илму техника ва кору фаъолият бо он паҳлӯи дигари масъала буда, дар он замон давраи ихтирооташ буд ва ҳамакнун давраи истифодаи он аст. Албатта, ҳар як давр ба худ тарзу усули идоракунӣ, зисту зиндагӣ ва сохтанҳову обод карданҳоро дорад. Яъне агар ба кору пайкори ҷавонони даврони Шӯравӣ назар кунем, онҳо аз ҷавонони имрӯзаи мо бо дигар паҳлӯҳо бартарияти зиёде доранд. Онҳо бо қувваю бозуи мустаҳками худ тавонистанд ба мо давлате сохта диҳанд, яъне дар ҷавонии худ ба беҳтарин дастовардҳо ноил гардидаанд, ки имрӯз ҷавони даврони истиқлол наметавонад ба даст биёрад. Аммо гузашти вақт, тағйиру пешрафти илму техника ба дигаргунии давлату давлатдории мо таъсир мегузорад. Ҳамин аст, ки дар ин давр ҷавонони мо дунболи ихтироъву навоварӣ, аз худ намудани илмҳову техникаи ҷадид мебошанд. Асри XXI-ро беҳуда асри техникаву технология нагуфтаанд. Бо ин мақсад ҷавонони мо кӯшиш доранд, то ватани азизи худро дар қатори давлатҳои пешрафт бинанд. Яъне бо ихтирооту навоварӣ, омӯзишу сайқали илм ва дигар корҳои неки худ саҳмгузор дар пешрафти кишвари худ ҳастанд. Ман бо онҳо мефахрам, шод мегардам вақте кӯшишу ғайрати онҳоро мебинам. Имрӯз дар ҳама самт нақши ҷавонони мо бағоят бузург аст. Талошу заҳмати шабонарӯзиашон гувоҳи он аст, ки суханони Президенти худро сармашқи кори худ намудаву пайравони асили Пешвои худ ҳастанд.

 

Боварии комил дорам, ки Тоҷикистон бо чунин фарзандони бонангу ораш пешрафтатарин кишвар хоҳад буд.

 

Беҳрӯз БЕГМАТОВ,

магистранти курси 1

Похожие записи