БУНЁДИ НАҚБҲОИ МОШИНГУЗАР ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

unnamed (1)

Дар зарфи сӣ соли охир, аз замони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, сарфи назар аз ҳама гирдоби ҳаводис ва шебу фарози ин давра, дар мамлакат рӯйдоду корнамоиҳое амалӣ гардиданд, ки барои садсолаҳо аҳамият доранд ва аз насли имрӯза барои ояндагони сипосгузор чун кохи бегазанд поянда мемонанд. Чунин корномаи мӯҳташами ин даврон бунёди роҳу пул ва нақбҳои мошинагард мебошад, ки бо талошу тадбирандешиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири раҳоии мамлакат аз бунбастӣ коммуникатсионӣ  амалӣ карда шуд.

 

Ба шарофати бунёдрӣ роҳу нақб ва пулҳо Тоҷикистон ба истиқлоли коммуникатсионӣ ноил  гардида, аз вобастагии иқтисодию молиявӣ озод ва ба мамлакати воҳид мубаддал шуд, ки ин орзуи деринаи миллати кўҳанбунёди тоҷик буд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат бунбастаи коммуникатсионӣ яке аз мушкилоти асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Шаҳрвандон дар вақти рафту омад аз як минтақа ба минтақаи дигар ба мушкилиҳои зиёд рў ба рў мешуданд. Зеро дар ин давра ҳамагӣ 42% роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 20% роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта асфалтпўш буданд, ки аз ин 73% дар ҳолати паст, 26% дар ҳолати миёна ва танҳо 1% дар ҳолати хуби техникӣ  қарор доштанд. Имрўз бошад бо татбиқи барномаву лоиҳаҳои бузург ва андешидани тадбирҳои созанда дар ин самт дар баробари бунёду навсозии роҳу пулҳо инчунин сохта ба истифода додани нақбҳо ва долонҳои зиддитармавӣ  ин мушкилӣ аз байн рафт, ки дастоварди беназир дар замони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.

 

Бо сохта ба истифода додани нақбҳо ва долонҳои зиддитармавӣ соҳаи роҳу нақлиёти автомобилии мамлакат дар солҳои Истиқлоли давлатӣ куллан тағйир ёфта, шабакаи алоқаи нақлиётӣ аз як сохтори маҳдуди дохилӣ ба шабакаи васеи доимамалкунандаи нақлиёти автомобилӣ, ки бо ҳама манотиқи ҷумҳурӣ пайваст мебошад, табдил ёфтааст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақбҳои мошингузар мушкилоти рафтуомади тамоми воситаҳои нақлиёт аз як минтақа ба минтақаи дигар куллан аз байн рафт.

 

Аввалин нақбе, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат сохта шудааст, ин нақби “Истиқлол” мебошад, ки он дар масофаи 80 км дуртар аз шаҳри Душанбе дар баландии 3372 метр аз сатҳи баҳр дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир мебошад. То истифода додани нақби “Истиқлол”, ки дар роҳи мошингарди Душанбе -Хуҷанд -Чаноқ ҷойгир мебошад, мушкилии фасли зимистон намегузошт, ки шаҳрвандон то 6 моҳ ба воситаи ин роҳ рафту омад карда бошанд. Дар замони Истиқлоли давлатӣ сохтмони ин нақб аз ду ҷониб — шимол ва ҷануб оғоз гардида, моҳи июли соли 2006 расман ба истифода дода шуд. Бо ифтитоҳ гардидани нақби “Истиқлол” мунтазамии ҳаракати воситаҳои нақлиётии байни тамоми минтақаҳои мамлакат пурра таъмин шуда, қисмати таърихии Роҳи бузурги абрешим эҳё гардид. Дарозии нақби “Истиқлол” 4 ҳазору 996 метрро ташкил медиҳад.

 

Баъди сохта ба истифода додани нақбҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ рафтуомад дар тамоми фасли сол таъмин гардида, хатарҳои қаблан мавҷуд буда аз байн рафт ва муҳимтар аз ҳама имрўзҳо шаҳрвандон бемушкилӣ дар зарфи 3-4 соат аз пойтахти мамлакат ба маркази вилояти Суғд мераванд.

 

Беҳтар намудани  фаъолияти роҳдорӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Зеро  ҳадафи асосӣ  ин  рафтуомади бемамонияти воситаҳои нақлиёт дар тамоми фасли сол байни минтақаҳои кишвар ва дигар мамлакатҳо  мебошад. Вобаста ба ин, дар баробари бунёди нақбҳои мошингузар сохтани долонҳои зиддитармавӣ низ як аз дастоварҳои соҳаи роҳу нақлиёт дар замони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.

 

Нақби дигаре, ки дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд, ин нақби “Хатлон” мебошад, ки дарозии он 4450 метр буда, арзиши лоиҳавии он бо дарназардошти роҳҳои ба нақб пайвастшаванда беш аз 300 миллион сомониро ташкил менамояд. Сохта ба иситифода додани нақби “Хатлон” дар баробари хеле кӯтоҳ намудани фосилаи роҳ ва таъмини бехатарии ҳаракати мусофирон, инчунин ба сарфаи вақт ва сӯзишворӣ мусоидат намуда, имконияти рафтуомади мунтазами воситаҳои нақлиётро дар тамоми фаслҳои сол таъмин намуд.

 

Дастоварди дигари соҳибистиқлолии мамлакат дар соҳаи роҳу нақлиёт ин бунёди нақби “Озодӣ” мебошад, ки дарозии он 2224 метрро дар бар гирифта, бо маблағи 130 миллион сомонӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки бунёди он масофаи роҳи Душанбе — Кӯлобро 7 километр ва вақти ҳаракати воситаҳои нақлиётро 40 дақиқа кӯтоҳ намуд.

 

Ҳамин тариқ, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат 5 нақби бузурги мошингузар бо дарозии 31 км бунёд гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии худ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардид.

 

 

Муҳаммадшарифи ЁРМУҲАММАД,

магистранти Академия

Похожие записи