ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ -ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Абилова.-к.-псохология-scaled

Истиқлолият арзишмандтарин дастоварди беназири давлату миллати тоҷик мебошад, ки 30 сол муқаддам ба он ноил гардид. Тоҷикистони азизи мо 30 сол мешавад, ки зери парчами сулҳу субот рушд карда истодааст.

 

Мавриде, ки мо оид ба сулҳу суботи кишвар ҳарф мезанем, ҳатман атрофи тафаккур ва шуури ҷамъиятӣ андеша меронем, пеши назарамон хавоси инсони давронсоз таҷассум мегардад, зеро давронсозии махлуқи бохирад – инсон иртибот ба тафаккури созанда дорад. Вожаи тафаккур-андеша, фикр, ба хаёл ғарқ шудан, вожаи миллӣ – мансуб ба миллат, ҳар чизи мансуб ба миллат, масъалаи миллӣ, сиёсати миллӣ, асъори миллӣ; либоси миллӣ, идҳои миллӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносии миллӣ, менталитети миллӣ, шуури миллӣ, муқаддасоти миллӣ, арзиши миллӣ, ҳудуди миллӣ, миллӣ кардани моликият ва вожаи арзиш- қадр, шоистагӣ, сазоворӣ мебошад.

 

Арзишҳо унсурҳои асосии маданияти маънавӣ буда, дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ мавқеи хоса доранд. Онҳо дар таърихи башарият чун пуштибони маънавиёт пайдо шуда, барои фаъолияти бошууронаи инсон кумак мерасонанд.

 

Дар ин росто, нақши илму фарҳанг, расму ойин, кешу мазҳаб, забону адабиёт, иқтисодиёту иҷтимоиёт, марзу бум, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва садҳо дигар муқаддасот заминаи пойдор ва бақои устувори ҳама гуна миллату давлат шинохта шудаанд, ки онҳо аз ин аносири побарҷо бархӯрдор мебошанд. Аз ин рӯ, ҳама гуна давлату миллат тавассути ҳамин гуна арзишҳо ба таъриху тамаддуни умумибашарӣ ворид мешаванд. Гузашта аз ин, чи қадаре ки фикри  инсон аз нигоҳи маърифати дарунмоягии шинохти хеш мукаммалу муҷаҳҳаз гардида бошад, ҳамон қадар чунин инсонҳо, дар маҷмӯъ ҷамъият шукуфову мондагор мегардад. Пас, мақоми фардии инсон ва он ҷамъият, бахусус, ҷомеаи сисолаи Тоҷикистон, ки андар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому манзалати шоистаи мутамаддинии худро шарофатмандона ҳифз мекунад, сарманшаи шинохти хешро аз тафаккури вобаста будан озод гардида, рӯ ба тафаккури созандагӣ ниҳоданаш иқдомест мондагору ҷовидонӣ.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин дастоварди беназири миллат дар асари хеш «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» чунин овардааст. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама дар натиҷаи сиёсати роҳбарияти давлатро дастгирӣ намудани тамоми халқи Тоҷикистон, сабру таҳаммули тарафҳои мухолиф ва кумаки давлатҳои кафил ва созмонҳои байналмилалӣ фароҳам омад. Таърихи чаҳорсолаи музокироти байни тоҷикон собит сохт, ки дар сиришти мардуми мо хиради азалӣ, сабру таҳаммул, бурдборӣ ва ваҳдату ифтихори миллӣ ҳамеша мақоми баланд дорад.

 

Эҳёи давлатдории тоҷикон, барпо гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар муддати 30 сол мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, ривоҷ гирифтани робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ бо дигар мамлакатҳои ҷаҳон ифтихори миллӣ барои таърихи бойи худ, маданият, расму оинҳо, кӯшиши натанҳо эҳё намудан, балки боз ҳам ғанитар гардонидани арзишҳои миллӣ – ҳамаи ин танҳо дар фазои ваҳдат, сулҳу салоҳ имконпазир гардид.

 

Қабули Қонуни асосии кишвар – Конститутсия, ки ба маънои томаш бахтномаи Тоҷикистониён мебошад, роҳи эъмори ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии мамлакати мо, ҳамкорӣ бо мамолики сулҳпарвари олам, созмону ташкилотҳои ҷаҳониро муайян кард.

 

Забон дар баробари муқаддасоти дигари миллӣ аломати муҳимтарини истиқлолияти сиёсӣ, давлатдорӣ ва ташаккули халқ маҳсуб меёбад. Ҳар халқ офаранда, рушддиҳанда ва нигаҳбони забони модарии хеш мебошад. Дар баробари ин, дар рушду устувории забон ва ташаккулу самтҳои пешрафти он нақши шахсиятҳои сиёсӣ, чеҳраҳои фарҳангӣ ва пешвоёни ҳаракату роҳбарони давлатҳо беназир буда метавонанд. Масъалаи забон ва густариши он дар барномаи сиёсати фарҳангии Роҳбари давлат мавқеи муҳим дорад. Аз нигоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забон на фақат падидаи фарҳангӣ ҳисоб меёбад, балки, пеш аз ҳама, масъалаи муҳимми сиёсию давлатӣ маҳсуб мегардад. 22 июли соли 1996 бахшида ба Рӯзи забон чунин таъкид доштанд “Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд”.

 

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

 

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 1993 пазируфта шудааст. Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 1999№ 891 тасдиқ шудааст.

 

7 сентябри соли 1994 аз тарафи Шӯрои Олӣ дар иҷлосияи 19-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, аз ҳамин давра Суруди миллӣ дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол танинандоз аст.

 

Дар марҳилаи соҳибистиқлолӣ соҳиби асъори миллӣ бо номи Сомонӣ гардидан, ки рукни асосии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, бешубҳа, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон аз эҳтирому қадрдонӣ ва гиромидошти нахустин сулолаи давлатдории тоҷикон бо сарварии Шоҳ Исмоили Сомонӣ мебошад, ки баъди даҳ асри фаромушӣ эҳё гардид.

 

Коршиноси соҳа З.Саидов оид ба раванди ҷаҳонишавӣ ва пайомадҳои нохуши он чунин ибрози назар намудааст “Дар ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифатҳои имрӯз, ки раванди умумиҷаҳоние ба номи ҷаҳонишавӣ кишварҳо ва миллатҳо, пеш аз ҳама, ҷавононро бо чолишҳои равонӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии фаровону физоянда рӯ ба рӯ намудааст, ҳифзу ҳиросат намудани хусусиятҳои миллӣ, ҳувияти таърихӣ ва вижагиҳои ахлоқии халқамон вазифаҳое ҳастанд, ки аз иҷрои онҳо бақову пойдории давлати Тоҷикистон ва истиқлолияту соҳибихтиёрии он вобаста аст”.

 

Давлати соҳибистиқлоли тоҷик вобаста ба ҳифзу ҳиросат намудани хусусиятҳои миллӣ, ҳувияти таърихӣ ва вижагиҳои ахлоқии халқамон қабул намудани ду қонуни миллӣ, дар ин марҳилаи пурҳассоси босуръати ҷаҳонишавӣ хело саривақтӣ буд, ки танзимкунандаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқи ҷомеаи тоҷикро тавонист то андозае ҳифз ва нигоҳ дорад.

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  8 июни соли 2007 қабул шудааст. Мақсади Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  2 августи соли  2011 қабул шудааст. Ҳадафи Қонуни мазкур дар марҳилаи пурҳассоси ҷаҳони имрӯза, пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд дар марҳилаи иҷтимоишавӣ ва аз ҷониби фарзанд ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои падару модар дар вақти пиронсолӣ ба ҳисоб меравад.

 

Дар ин росто, ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати иҷтимоию-иқтисодии кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат эълон гардидани “Соли оила”; “Соли ҷавонон”; “Солҳои рушди деҳот”; “Соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки барои зиндагии осоиштаро дар миёни қишрҳои ҷомеа тавонист таъмин намояд.

 

Қобили зикр аст, дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.

 

Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом, Наврӯз, мусиқии Фалак, шаҳри қадимаи Саразм, ёдгории таърихии Ҳулбук,  ҷашнҳои Меҳргону Сада, намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо — “Чакан”, Боғи миллии Тоҷикистон бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО шомил гардиданд.  Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.

 

Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад. Насли ояндасози миллати тоҷик дар асоси тафаккури худшиносии миллӣ метавонад ояндаи хешро созад ва равнақ бахшад.

 

Худшиносии миллӣ тобишҳои хеле бисёр ва муайянкунандаи умумӣ дорад. Меъёри худшиносии миллӣ ва умуман инкишофи шуури миллӣ – ин натанҳо эҳёи фарҳанги ниёгон, балки андозаи ба арзишҳои умумибашарӣ ворид шудани миллат, муносибати вай ба дигар миллатҳо, яъне шинохтани баробарҳуқуқии дигар халқу миллатҳо, эҳтиром ва шиносоӣ бо маънавиёти онҳо. Дар ин бобат ақидаи Ал-Форобӣ оид ба эҳтиёҷи инсон ба робитаҳои ҳамдигарӣ ҷолиби диққат аст. Ӯ дар асараш «Китоби роҷеъ ба ақидаҳои сокинони шаҳри накӯкор» овардааст, ки инсон дар ҳастии худ ва барои ба камол, рушд ва саодат расидан ба бисёр чизҳо эҳтиёҷ дорад. Вале ӯ имконият надорад, ки ҳамаи чизҳоро дар танҳоӣ муҳайё кунад. Бинобар ин, вай танҳо дар иттифоқи ашхоси зиёд, яъне мубодилаи якдигарии одамони гуногун мақсадҳои дар пеши худ гузошташударо иҷро карда метавонад. Талаботи ҳаётии инсон чунин аст, ки бо одамони гуногуни ҳам кишвари худ ва ҳам берун аз он риштаҳои доду гирифт барқарор менамояд. Бо ин роҳ дар олам ҷомеаҳои башарӣ ба вуҷуд омадаанд.

 

Дар тамаддуни умумибашарӣ назири халқи тоҷикро ёфтан муҳол аст, ки бузургонаш ҳама, бидуни истисно, қисматҳои бузурге аз осори худро ба панду насиҳат дар боби ростӣ ва дурустӣ, некуӣ ва  накукорӣ, адлу инсоф, беозорӣ, эҳсон ва мурувват, дӯстию рафоқат, ҳифзи обрӯ ва мавқеи инсонӣ бахшидаанд. Дар марҳилаи соҳибистиқлолии кишвар робитаҳои фарҳанги муосир бо заминаҳои таърихии миллӣ дар шароити кунунӣ ба озодии эҷодӣ мусоидат карда, имконияти инкишофи мероси ғании адабӣ – илмӣ ва ҳунариро бештар гардонид. Дар ин марҳила баргузории ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 5500-солагии Саразм, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, бузургдошти шахсиятҳои бузурги илму адаб ва сиёсиву таърихӣ Имоми Аъзам, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Умари Хайём ва дигарон дар сатҳи баланд таҷлил гардидаанд. Имрӯз миллати сарбаланди тоҷик дар бунёд кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи хеш аз рӯҳи ниёгони худ дуо ва неру мегирад. Боиси зикр аст, ки дар китоби беназири Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор” оид ба 25 шахсиятҳои бузурги илму адаб ва сиёсиву таърихӣ ба таври муфассал саҳеҳ оварда шудааст.

 

Дар ин росто кишвари мо ба марҳилаи нави рушд оғоз намуд, ки он аз бунёдкориву ободонӣ иборат мебошад. Оғози сохтмони азими нақбҳо “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Дӯстӣ”, “Хатлон”, “Озодӣ” ба истифода додани роҳҳои оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, кушодани роҳи Кӯлоб-Дарвоз-Қулма-Қароқурум. Неругоҳҳои бузургу хурди барқии “Сангтуда-1”, “Сангтуда-2”, “Роғун” ва даҳҳо иншоотҳои ҳаётан муҳим бунёд ва ба истифода дода шуд.  Бунёди пайкараи Исмоили Сомонӣ дар маркази пойтахт шаҳри Душанбе нишонаи ин ободию бунёдкориҳост. Таҷлили ҷашни 1100-солагии таъсиси давлати Сомониён аз муҳимтарин хизматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ягонагӣ, худшиносӣ ва эҳёи Ватан мебошад.

 

Ҳифзи Истиқлоли миллӣ ин ҳифзи асолат, ҳувият, забон, расму оин, садоқату вафодорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва риояи одобу ахлоқи миллӣ аст.

 

Истиқлоли давлатӣ шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллат аст. Истиқлолро соҳиб шудан ҳанӯз як ҷанбаи масъала, онро ҳамчун арзиши муқаддастарини ҳастӣ ва зиндагӣ дарк намудан асоси саодатмандии мардуми шарафманди тоҷик ва тоҷикистонӣ аст.

Пешниҳод

  1. Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатиро ҳамчун таҳдоби мафкуравии ҷомеаи навинамон ба дарк бигирем.
  2. Ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем.
  3. Санги пойдевори мафкураи давлатдории миллиамонро дар заминаи андешаи созандаи ваҳдатосо такя бахшем.
  4. Самтҳои мухталифи андешаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таърихиву фалсафии ҷомеаи тозабунёдамонро дар атрофу ҷониби Истиқлоли миллӣ басиҷ гардонем.
  5. Истилоҳоти давлат, ваҳдат ва миллатро дар партави сиёсати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муқаддас донем.

 

Гуландом АБИЛЗОДА

номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Похожие записи