МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19 майи соли 2021 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро бахшида ба 30-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Иштироки ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ» ба нақша гирифтааст.

 

Дар конференсияи мазкур донишҷӯён, магистрантон, докторантон (PhD) ва олимону муҳаққиқони ҷавон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва аз ҳисоби ҷавонони дар хизмати давлатӣ фаъолият дошта метавонанд бо маърузаҳои худ иштирок намоянд.

 

Ҳадафи баргузории конференсияро табодули афкор миёни иштирокчиёни конференсия оид ба саҳми ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату миллати худ ва ҳифзи хотираи таъриху манфиатҳои миллӣ ташкил медиҳад.

 

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ карда мешаванд:

  • Ҳолати пешрафти ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ;
  • Нақши Пешвои миллат дар тарбия ва дастгирии давлатии ҷавонон;
  • Истиқлоли давлатӣ ва ташаккулёбии тафаккури миллии ҷавонон;
  • Ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи сиёсати давлатӣ;
  • Дирӯз, имрӯз ва ояндаи ҷавонон дар низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;
  • Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ;
  • Ҷавонон – захираи миллат ва ояндаи давлат;
  • Инъикоси масоили худшиносии ҷавонон дар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров.

 

Матни мақолаҳои иштирокчиёни конференсия, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи замимашуда мувофиқат намуда то 13 майи соли 2021 қабул карда мешавад. Бақайдгирӣ ва пешниҳоди мақола тавассути суроғаи зерин амалӣ мешавад: confrence_adm@mail.ru

Даъватномаи инфиродӣ барои иштирок дар конференсия пас аз қабули дархостҳо ва баррасии мақолаҳо фиристода мешавад.

 

Дархост

барои иштирок дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида

ба Рӯзи ыавонон таҳти унвони

Иштироки ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ”

1. Насаб, ном ва номи падар (пурра)
2. Ҷойи кор ё таҳсил
3. Вазифа, тахассуси илмӣ (бакалавр, магистрант, аспирант), ихтисос, курс
4. Мавзӯъ:
5. Суроға, рақами телефон,

E-mail;

 

ТАЛАБОТ БАРОИ ЧОПИ МАҚОЛА

Матнҳои ирсолшуда бояд ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯ бошанд:

  • дар барномаи MS Office, саҳифаи андозааш А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1,5 см, аз боло ва поён 2 см;
  • ҳуруфи шакли Times New Roman бо андозаи 14, интервал 1,0, сархат 1,25

Тартиби ҷойгиршавии матн:

  • сатри якум – номи мақола БО ҲАРФҲОИ КАЛОН (дар байни саҳифа);
  • сатри дуюм – НАСАБ, НОМ ва НОМИ ПАДАР пурра (дар байни саҳифа);
  • сатри сеюм – дараҷаи тахассус, унвони илмӣ, ҷойи кор ё таҳсил (дар байни саҳифа);
  • сатри чорум – суроғаи зист, давлат, шаҳр, рақами телефони мобилӣ, почтаи электронии муаллиф (дар байни саҳифа);
  • баъдан аннотатсия – на зиёда аз 100 калима;
  • сипас калидвожаҳо, ки аз ҳамдигар бо нуқта вергул ҷудо карда шавад;
  • матни асосии мақола;
  • рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз ибораи РӮЙХАТИ АДАБИЁТ оварда шуда, бо тартиби рақам омода карда шавад;
  • ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, дар шакли [3, 8] омода карда мешавад, дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дувум саҳифаи он мебошад;
  • дар матн ишораҳои шартӣ ва калимаҳои кӯтоҳкардашуда пеш аз оғоз нишон дода шавад;
  • ҳаҷми матни мақола бояд аз 10 саҳифа (бо дарназардошти ҷадвалу диаграмма ва рӯйхати адабиёт) зиёд набошад;

 

 

Забони баргузории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ

Вақти баргузории конференсия: соати 9:00 (ба вақти Душанбе)

Суроғаи мо: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, кўчаи Саид Носир 33, www.apa.tj.

Кумитаи тадорукот: Раёсати илм ва инноватсия ва факултети идоракунии давлатӣ

(ошёнаи 10)

E-mail:  confrence_adm@mail.ru

Шахсони масъул: Муовини декан оид ба илм Раҳимов Фарҳод;

Мақсудзода Муҳаммад.

Тел.: +992(90)790-59-25;

 +992(92)989-13-04;

 +992(98)222-31-39.

 

Похожие записи