“МАСТЕР-КЛАСС” БАРОИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН

IMG_1013

Бо ташаббуси Маркази бонувони фаъоли Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷиҳати иҷрои банди 14-и Нақшаи кории Маркази бонувони фаъол барои донишҷӯдухтарон 6 апрели соли 2021 дар заминаи Парки технолокӣ курси кӯтоҳмуддати ройгон – “Мастер-класс”доир гардид.

 

Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур муовини директори Парки технологӣ Ҳасанова З.С., муовини сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Носирова Ф.И., мудири бахши занону духтарон Давлатова Р.О. ва сармутахассиси бахши кор бо занону духтарон Бекназарова М. иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромади худ ҳадафу мақсади ташкили курси омӯзиширо соҳибкасб намудани духтарон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии духтарон, мусоидат дар беҳсозии вазъи иқтисодии онҳо ва таҳкими дӯстиву рафоқат миёни онҳо маънидод карданд.

 

Курси мазкур аз 6 то 10 апрели соли 2021 идома ёфта, мутахассиси ботаҷриба аз рӯи ду касб – ороиши мӯй ва ороиши рӯй донишҷӯёнро меомӯзонад.

 

Ташкил ва ба роҳ мондани курсҳои омӯзишии ройгон барои донишҷӯдухтарон намунаи волои таваҷҷуҳи роҳбарияти Академия ба қишри ояндасоз – ҷавондухтарон мебошад.

 

Бояд зикр намуд, ки барои омӯзиши курси мазкур тамоми имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, танҳо ҷавондухтаронро мебояд, ки омӯзанд ва аз худ намуда, соҳибкасб шаванд.

 

Аксҳо

Похожие записи