Мулоқоти судмандӣ Мавсума Муинӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ

IMG_4159

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Академия бо иштироки доираи васеи устодон, корманд, донишҷӯёну магистрантон ҳамоиши маърифатӣ-тарбиявӣ таҳти унвони «Рушди маънавиёт омили солимии фард ва ҷомеа» баргузор шуд.
        Дар ҳамоиши мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода, сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушвахт, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Норасов Абдуаллим иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоишро ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода ҳусни оғоз бахшид, иброз намуд, ки имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти азизамон шаҳри Душанбе торафт зебову шукуфон гашта, ба сокинонаш шароити хуби кору фаъолият ва зиндагонии осоиштаро фароҳам овардааст.

Зикр гашт, ки ҳар як иқдом ё ташаббусе, ки аз ҷониби шаҳрдори пешниҳод карда мешавад усодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатӣ дар амалӣ намудани он саҳми хешро мегузоранд.

Мавсума Муинӣ, зимни суханронии худ қайд намуд, ки ҳамоиши мазкур аз 8 ноябри соли 2019 то 4 июли соли 2020 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои тарҳрезигардида, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Дашанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст, дар ҳамаи муассисаҳои олии пойтахт бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, тарғиби ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, ҳифзи солимии модиву маънавии оила, фард ва ҷомеа аз хатару таҳдидҳои номатлуби иҷтимоӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеа гузоранда мешавад.

М. Муинӣ ҷавононро ҳушдор дод, ки аз ҳар гуна амалҳои номатлуб ва бегонапарастӣ канораҷӯӣ намуда, танҳо дар фикри хондану рафтори намунавӣ бошанд. Мавсуф оид ба одоби шаҳрнишинӣ, риояи меъёрҳои либоси миллӣ, корҳои ободонӣ дар шаҳр, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ибрози андеша намуд.

Зимни ҳамоиши маърифатӣ-тарбиявӣ олимону коршиносон, равоншиносону мутахассисон, ходимони дин вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои риояи қонунҳои миллӣ, пешгирӣ аз омилҳои номатлуб, терроризму экстремизм, ҷинояту ҷинояткорӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ муҳиму саривақти буда, он беҳтарин дастуру роҳнамо барои фаъолияти созанда дар ҳамаи самту соҳаҳо ба ҳисоб рафта барои ҳар як сокини кишвар, бахусус ҷавонон дастуру раҳнамо ва қутбнамои фаъолият мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ зикр гардид, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуданд, ки ин ташаббуси созанда бисёр муҳиму саривақтист. Вобаста ба ин, ноболиғону ҷавононро зарур аст, ки вақти пурқимати худро сарфи корҳои беҳуда накарда, дар баробари аз худ намудани барномаҳои таълимӣ, ҳамзамон забонҳои хориҷиро омӯзанд ва ин диёри биҳиштосоямонро ба меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Ташкилкунандагони ҳамоиши мазкур мазкур аз корҳои ободониву созандагӣ дар кишвар, хусусан дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри зебоманзари Душанбе, ки солҳои охир вусъати тоза касб кардааст, ёдоварӣ намуданд.                 Тавре онҳо таъкид карданд, тайи солҳои охир бо ташаббуси шаҳрдорӣ дар ҳудуди пойтахт садҳо толору майдончаҳои варзишӣ бунёду навсозӣ гардиданд, ки дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон нақши муҳим мебозанд.

Аксҳо

Похожие записи