ОСОИШУ ОРОМӢ АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТ АСТ

Саодат Иброҳимова

Боиси ифтихор аст, ки бо қадами мубораки фарзанди сарсупурдаву ҷонфидои Ватан, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату ризояти миллӣ дар ҷомеа устувор гардид. Тӯли 24 сол аст, ки баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ азамати Ватану кишвари азизамон боло рафта, ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт рушд ёфт, мактабу маориф, илму маърифат мавқеи худро боз ҳам устувор намуд.

 

Дар арафаи иди Ваҳдату ризоияти миллӣ бояд барои дарку эҳтирому арзишҳои сулҳу суботи бадастомада ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нафарони дигаре, ки ҷони худро баҳри сулҳу ваҳдат дареғ надошта, идеяи ваҳдати миллиро ташвиқу тарғиб менамуданд, изҳори  сипос намоем.

 

Сарвари мамлакат дар рӯзҳои вазнинтарин на танҳо кафили сулҳу салоҳ, балки роҳбари сиёсии муваффақе дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафтанд, ки нагузоштанд оташи ҷанг дар ҳамсоякишварҳо аланга занад.

 

Барои занони тоҷик, ки аз азал тараннумгари ваҳдату машъалафрӯзи дӯстию ҳамбастагӣ буданд, ҷашни Ваҳдати миллӣ беҳтарин ид маҳсуб меёбад. Аз ҳама бештар занон ҷангро маҳкум менамоянд, зеро марги ҳамсару фарзанд, бародар, дӯстону ҳамсоягон онҳоро бештар хуни ҷигар мекунад. Сӯзиши гум кардани пайвандон ва таҳаммули ин дард талху гарон аст. Ҳамин аст, ки бонувон пайваста баҳри таҳкими сулҳу субот талош меварзанд.

 

Мо — модарон, ки бештар ба тарбияи фарзандон машғулем, бояд ҳидоятгар бошем, ки онҳо ин дастоварди беназири таърихии халқамон – Ваҳдати миллиро на танҳо ҳифз кунанд, балки барои тақвияти он талош варзанд.

 

Имсол мо дар арафаи Ҷашни бузурги миллӣ – 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем. Ба пешвозаш ин ҷашни бузург корҳои зиёди созандагию ободкорӣ ба анҷом расидааст, ки симои шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба куллӣ дигар шудааст. Маҳаки ин ҳама пешравию ободиҳоро ваҳдати сартосарӣ ташкил медиҳад

 

Ҳар як фарди Тоҷикистон ба қадри неъмати бузурги соҳибватанӣ ва соҳибдавлат будан, осоиштагиву сулҳу ваҳдат бояд расад. Онро муқаддас донад, аз сабақу дастовардҳои нодири сулҳофариниамон ҷаҳониёнро баҳравар созад. Зеро ҳоло миллатҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди фарзандони фарзонаю мубориз доштанашон, давлати мустақил надоранд.

 

Солгарди навбатии Ваҳдати миллӣ ва ризоияти миллӣ, рӯзи баҳамоии миллат ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҳумоюн бод! Бигузор офтоби сулҳу ваҳдат то абад бар сари миллати сарсабзу сарбаланди мо нурафшон бошад.

 

Саодат ИБРОҲИМОВА,

директори Китобхонаи илмии Академия

Похожие записи