ҲАҚИҚАТИ ИСТИҚЛОЛРО ШИНОСЕМ

Тоҷикистон

Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ раванди ташаккул ва шаклгирии давлати муосири Тоҷикистон тавассути роҳу воситаҳои мухталиф сурат гирифт, ки яке аз навъҳои асосии онро ба роҳ мондани ислоҳоти сиёсӣ ташкил медиҳад. Ислоҳоти сиёсӣ унсури фаъолияти ҷамъиятӣ-сиёсӣ буда, таъсири назарраси худро ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ки дар навбати худ, истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият мебахшанд, мерасонад.

 

Воқеан, соҳибистиқлолӣ ва инкишофи мустақилонаи давлат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро ба вуҷуд оварда, барои ислоҳоти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва интихоби шакли нави идоракунии давлат замина гузошт. Зарурияти ислоҳоти сиёсӣ дар ҷомеа масъалаи ташаккули давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешиву бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар принсипҳои муҳимми демократиро ба вуҷуд овард, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ва куллан дигаргун кардани сохти давлатдорӣ қабули Конститутсияи нави кишвар ногузир гардид.

 

Дар ҷаҳони пурталотуми имрӯз Тоҷикистон бо ниёзи рӯзафзун аз истиқлоли хеш истиқбол дорад. Тоҷикистон чун давлати мустақил майдони зиндагии хеш меҷӯяд, иқдомҳо анҷом медиҳад ва ба сӯи оянда менигарад. Истиқболи истиқлол назар ва нишонаи давлатдорӣ аст. Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ мо худро шинохтем ва ҳувияти хешро пайдо намудем.

 

Шинохт ва огоҳии миллӣ амри нахустини тасмимгирии худшиносӣ барои худсозӣ аст. Амри шинохт баҳри худшиносӣ бо мақсади худсозӣ аз ҷиҳати созгорӣ ва ҳидоят моро аз ҳаёти иҷтимоӣ огоҳ менамояд ва дар ин ҷиҳат ба хайру саодати хеш мерасонад. Барои расидан ба ин ормон, тасмимгириҳо, зарурияти мавқеъёбӣ, ниёзҳо ва арзишҳои мавриди ниёзи маънавӣ аз масъалаҳое мебошад, ки моро ба омодагӣ ва омӯзишҳои мавриди ниёз ҳидоят менамояд. Аз ҷиҳати баҳрагирӣ, ки мо дар робита бо истиқлол, аз он ҷиҳат, ки сармояи кишварем, нақши ояндаи созгори он буда, бояд барои созгории он омодагӣ ва тадбир дошта бошем, барои таҷлили он вазифадор бошем, огоҳӣ ва маҳорати лозимиро ба даст дошта бошем. Мо бояд бидонем, ки дар кадом вазъ ва кадом марҳила қарор дорем ва дар баробари ин эҳсосҳо, камбудиҳо, норасогиҳои мо дар чӣ ҳоланд ва чӣ гуна вазъ доранд ва метавон онҳоро тағйир диҳем.

 

Манзур аз худсозӣ, пардохтан ба хеш, шакл додан ва ҷиҳат бахшидан ба истиқлоли миллӣ аст. Ҳадаф аз худковӣ ин аст, ки мо бо тамоил дар ҳастии хеш, истеъдодҳои дарунӣ, кӯшишҳои ботинӣ, ҳадафҳои аслӣ ва ниятҳои ниҳоии худ, ҳақиқати истиқлоламонро мешиносем ва ҳастии худро дар ҳастии он бинем.

 

Истиқлол муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон зиёда аз даҳ ҳазор нафар духтарони ноҳияву деҳоти дурдаст бо квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакатамон саҳми фаъол гузошта истодаанд.

 

Ҷиҳати соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар ҷаҳони имрӯза ба ҳар яки мо зарур аст, ки фаъолияти худро бо дарназардошти талаботи замони муосир ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоямонро барои тарбия ва ба воя расонидани насли солиму созанда ва ватандӯсту худшинос равона созем.

 

Меҳронаи АМИРАЛӢ,

мутахассис – коргузори кафедраи идоракунии

молияи давлатии Академия

Похожие записи